Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Эҳсонкории навбатӣ

Эҳсонкории навбатӣ

Дастгирии табақаи ниёзманд, махсусан маъюбон ва ятимону бепарасторон дар маркази сиёсати хайрхоҳона ва раиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамасола аз ҷониби давлату Ҳукумат, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорону шахсони алоҳида ба онҳо кумак расонида мешавад. Қобили қайд аст, ки ҳанӯз соли 2005 зимни ироаи Паёми хеш Пешвои миллат бо таъкид изҳор намуданд, ки: "Ҳеҷ гоҳ мо намегузорем, ки ятимону бепарасторон дар танҳоӣ ва бенавоӣ бошанд". 
Бо мақсади пайравӣ ба ҳамин сиёсат раёсати Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии таълимии мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунaвонияшон суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ барои 16 ҷойи нишаст мизу курсиҳои муосир туҳфа намуданд. Раёсати донишкада тасмим дорад дар оянда низ ба ин сиёсати инсонпарварона пайравӣ намуда, фаъолияти эҳсонкориро идома диҳад.