Хабарҳо
Роҳҳои паст кардани сатҳи бекорӣ
Нахустин конфронси ҷамъияти илмию тадқиқотии магистрон рӯзи 7 марти соли равон дар донишкада дар мавзӯи «Роҳҳои паст кардани сатҳи бекорӣ» баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро Қодиров Ф., муовини ректор оид ба илм ва инноватсия оғоз карда, афзуд, ки мавзӯи матраҳшаванда рӯзмарра буда, баррасии мушкилоти он ва пешниҳод намудани роҳҳои паст кардани сатҳи бекорӣ, ки аз тарафи магистрантон амалӣ гардидааст, боиси дастгирист.
Сипас магистранти курси 1 Ҳоҷиев Осимҷон дар баромади худ чунин қайд намуд, ки тибқи маълумотҳои оморӣ солҳои охир сатҳи шуғлнокӣ дар кишвар қариб 50 фоизи аҳолии қобили меҳнатро ташкил медиҳад ва сатҳи шуғлнокӣ дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисод низ паст мебошад. Аз ҷумла 4,8 фоиз дар саноат, 3 фоиз дар сохтмон, 2,8 фоиз дар нақлиёт ва алоқа, 5,2 дар савдо ва хӯроки умумӣ. Вале шумораи машғулбуда дар соҳаи кишоварзӣ 67 фоиз зиёд мебошад.
Барои Тоҷикистон, ҳамчунин сатҳи пасти муҳоҷирати байнисоҳавӣ хос аст, вале сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар хеле баланд мебошад. Зиёда аз 600 ҳазор нафар ё бештар аз 15 фоизи қувваи корӣ ҳар сол ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар мекунанд. Бинобар ин, зарур аст: - рушди мутавозуни иқтисод таъмин карда шавад; - афзоиши ҳамасолаи ММД таъмин карда шавад; - сатҳи таваррум назорат карда шавад, то ин ки ин омил ба муҳити соҳибкор таъсири манфӣ нарасонад ва сатҳи рақобатпазирии иқтисодро паст накунад.
Барои паст кардани сатҳи бекорӣ чанд пешниҳод карда шуд, аз ҷумла сохтани ҷойҳои нави корӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои иҷрои корҳои бар нафъи ҷамъиятбуда дар самти хифзи муҳити зист, сохтмони заводи мошинбарорӣ ва роҳи оҳан ва ғайраҳо. Ҳамчунин рушди соҳибкории хурду миёна барои пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад ва омили асосии рушди соҳибкории хурд ин дастгирии низоми бонкҳо мебошад. Ба соҳибкории хурду миёна паст кардани фоизи қарз ва меъёри андозҳо ин дастгирӣ аз ҷониби давлат мебошад, гуфт дар ҷамъбаст баромадкунанда.
Дар маҳфили ҷамъияти илмӣ – тадқиқотии магистрон устодон ва магистрантон дар баҳси кушод фаъолона иштирок намуданд.
Ашурбой Каримов, раиси ҷамъияти илмию тадқиқотии магистрон