Хабарҳо
Ятимон дар ДМИТ дастгирӣ меёбанд
Дастгирии ятимону маъюбон ва фарзандони оилаҳои камбизоат яке аз масъалаҳоест, ки дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳ буда, манфиатҳои ин қишри ҷомеа пайваста дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки тарбияи солими наврасону ҷавонони ятим метавонад василаи ба миён омадани содиқтарин нафарон ба халқу миллат ва Ватан бошад. Дар ҳамин ростост, ки сохторҳои пешбарандаи ҷомеа низ ҳамчун идомадиҳандаи кору пайкори созандаву дурандешонаи Пешвои миллат дар дастгирии ятимону маъюбон ва фарзандони оилаҳои камбизоат саҳми ҳамешагии худро мегузоранд.
Санаи 27 марти соли равон вобаста ба ин аз ҷониби Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ, ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии судманд бо донишҷӯёни ятими кул баргузор карда шуд. Дар рафти вохӯрӣ ректор дар мавриди омӯзиши илмҳои замони муосир, ташаккул додани маърифати технологӣ, аз бар намудани забонҳои хориҷӣ, густариши ҳисси милливу хештаншиносӣ, садоқат ба миллату давлати хеш ва пуштибонӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат ба онҳо тавсияву маслиҳатҳои судбахш дод.
Дар интиҳои вохӯрӣ ба 35 нафар ятими кул, ки дар донишкада таҳсил менамоянд, планшет туҳфа карда шуд.
Бояд гуфт, ки донишҷӯёни ятими кул дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Точикистон пайваста мавриди таваҷҷуҳ буда, аз ҷониби раёсати донишкада дастгирӣ меёбанд.
Тақдими планшет ба ятимони кул ба хотири ташаккули маърифати технологии онҳо буда, дар онҳо ҳама барномаҳои дарсии устодони донишкада, китобҳои илмиву бадеӣ ва ахбороти иқтисодиву технологӣ ғунҷонида шудаанд. Ин иқдом метавонад василаи ҷалби донишҷӯён ба илмомӯзӣ ва густариши ҷаҳонбинии технологии онҳо гардад.
Ҷамшед Нурзода-аъзои намояндагии кор бо ҷавонон