Хабарҳо
Ҷомеа аз таҳдиди ВНМО ҳифз мегардад
Санаи 27 марти соли равон бо ибтикори шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва тарбия дар доираи нақшаи муштараки Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада семинари омӯзишӣ зери унвони «Василаҳои муассири ҳимояи ҷомеа аз бемории ВНМО» баргузор карда шуд.
Дар семинари мазкур намояндагон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ширкат варзиданд.
Семинарро Ҷовид Боймуродзода-мутахассиси шуъбаи тарбия ифтитоҳ намуда, моҳияту мубрамияти онро шарҳу тавзеҳ дод. Номбурда баён дошт, ки таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки новобаста аз чораандешиҳои гуногуни сатҳи ҳукуматӣ ва сохторҳои тандурустии кишвар ҳанӯз ҳам гирифторшавии аҳолии кишвар ба бемории ВНМО бештар ба назар мерасад. Бетаваҷҷуҳӣ ба ин зуҳурот метавонад василаи ба касодии ахлоқии ҷомеа оварда расонад.
Сипас Маҳина Шарифзода-намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сухан намуда, бобати таъсиррасонии манфии ин беморӣ ба генафонди миллат ва авзои иҷтимоии ҷомеа фикру мулоҳизаҳои худро баён дошт. Аз ҷумла қайд намуд, ки бетарафӣ нисбати ин масъала метавонад дар муддати кутоҳ василаи гирифторшавии садҳо нафар одамони солим ба бемории ВНМО гардад. Ба ин хотир, бояд ҷомеа дар якҷоягӣ ба ин беморӣ мубориза барад, то солимии худро ҳимоя карда тавонад. Ӯ баён дошт, ки дар масири ҳимояи шахсияти худ аз хатари ин беморӣ, қабл аз ҳама, ҷавонон бояд зираку ҳушёр бошанд, зеро аз рӯи таҳлилҳои гузаронидашуда вобаста ба омилҳои гирифторшавии инсоният ба ВНМО бо фарогирии синнусолӣ аз ҳама бештар ҳамин қишри ҷомеа ҳамчун шахсони осебпазир мушоҳида мешаванд. Бо тарки нозукии ин мушкилӣ бояд мо дар ташаккули маърифати солимии шахсияти худ ва ҳамсолони хеш саҳмгузор бошем.
Дар идомаи семинари мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо навору видиослайдҳо василаҳои гирифторшавии шахсро ба бемории ВНМО ва ҳамчунин ҳимояи ҷомеаро аз таҳдиди ин хатари мудҳиш шарҳу тавзеҳ доданд.
Дар интиҳои семинар музокираву мубоҳиса сурат гирифт.
Фаридун Саидов