Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Омори соҳавӣ ва масъалаҳои мубрами он

Омори соҳавӣ ва масъалаҳои мубрами он

31 марти соли ҷорӣ дар ДМИТ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами омори соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои методӣ ва методологӣ» баргузор гардид. Онро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишкада Хайрзода Ш.Қ. оғоз намуда, иброз дошт, ки омор яке аз бахшҳои асосии ҷомеа буда, дар замони муосир маълумоти омориро васеъ истифода мебаранд. Он тамоми ҷанбаҳоро фаро гирифта, муайянкунандаи рушди минбаъдаи самтҳои мухталифи хоҷагии халқ мебошад. 
Ректор сипас меҳмонон ва маърӯзачиёни қисмати ифтитоҳии чорабиниро ба ҳозирин шинос намуд: Ворис Муродов, сардори раёсати барӯйхатгирии аҳолии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назар Солиев, сардори шуъбаи методология ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, Нигина Раҷабова, сардори раёсати таъсиси регистри корхонаҳо, ташкилотҳо, таснифотҳо ва ташкили ҳисоботи омории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Илҳом Бобоев, намояндаи Донишгоҳи давлатии кишоварзии ба номи Иванови Федератсияи Россия. 
Н. Солиев дар баромади худ «Методикаи таҳияи модели иқтисодӣ-омории сатҳи монетизатсияи иқтисодиёти миллӣ бо назардошти ташаккули омилҳои таъсиррасон» доир ба мақсад ва вазифаҳои самтҳои монетизатсияи иқтисодиёт суханронӣ кард. Инчунин ӯ дар робита ба сатҳи таваррум, масъалаҳои сармоягузорӣ, устувории омори иқтисодӣ ва нишондиҳандаҳои мутлақи оморӣ андешаронӣ намуд. Н. Раҷабова бошад, дар маърӯзаи худ, ки «Нақши омор дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор» ном дошт, изҳор намуд, ки Ҳадафҳои Рушди Устувор аз 17 мақсад ва 169 вазифа иборат мебошад. Вазифаи мо аҳли ҷомеа бояд дар он зоҳир гардад, ки тамоми қувваро барои ҳалли масъалаҳои гузошташуда сафарбар намоем. Баробарҳуқуқии гендерӣ, хушунат, ҷавонони бекормонда ва таъмини ҷойҳои нави корӣ, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ба ин мисол шуда метавонад. 
Пас аз қисмати ифтитоҳӣ, конфронс бахши дуюми худро идома дод ва дар он устодону докторантҳо ва аспирантони ДМИТ бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Аз ҷумла, мудири кафедраи омор М. Буриева дар мавзӯи «Тадқиқоти омории занҳои бекор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», муаллими калони кафедраи молия ва қарзи ДДК ба номи Рӯдакӣ Н. Комилов ва омӯзгори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе И. Абдуллоев - «Таҳлили омории истифодаи заминҳои корам дар соҳаи кишоварзӣ», устоди калони кафедраи омор Р. Холов ва омӯзгори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе Н. Солиев «Андозгирии омории устувории соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ассистентони кафедраи омори донишкада А. Одинаев ва М. Изатуллоев дар мавзӯи «Омӯзиши омории рушди соҳибкори саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромадҳо намуданд. 
Пас аз анҷоми баромадҳо саволу ҷавоб ва музокираҳо сурат гирифт. 


Насрулло Тӯйчизода