Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ДМИТ дар аксияи тозагии соҳил

ДМИТ дар аксияи тозагии соҳил

Дар доираи оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028, ки асосгузори ин ташаббуси сатҳи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, рӯзи 31 марти соли равон бо ибтикори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар соҳили канали «Чортут», ки аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои Севастопол, Чортут, 54 ва Борбади пойтахт мегузарад, аксияи тозагии соҳил зери унвони «Мо - ҷавонон дар пайроҳаи Пешвои миллат» баргузор карда шуд. Дар аксияи мазкур беш аз сад нафар устодону донишҷӯёни донишкада ширкат варзида, соҳили канали «Чортут»-ро, ки дарозии он дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои номбаргардида бештар аз 3 километрро дар бар мегирад, аз партову ифлосиҳо тоза намуданд. 
Ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом ҷонибдорӣ намудан аз сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат дар самти дипломатияи байналмилалии об, ки василаи наҷоти марги иҷтимоии башарият дониста мешавад, саҳмгузорӣ намудан дар ободониву зебоии пойтахт ва ҳифзи олами табиӣ аст. 
Минбаъд низ ин иқдом аз ҷониби Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мавриди амал қарор хоҳад гирифт. 


Қурбонзода Манучеҳр-аъзои намояндагии кор бо ҷавонон