Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Хушхабар: Мақоми мо дигар шуд!

Хушхабар: Мақоми мо дигар шуд!

Боиси хушнудист, ки бо розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми марти соли 2018 таҳти №169 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд. Аз ин паёми хуш ва деринтизор аҳли коллективи меҳнатӣ ва донишҷӯёни таълимгоҳ бениҳоят шоду масрур гаштанд. 


Қобили қайд аст, ки Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар масири рушди худ марҳилаҳои муҳимми тақвияти сифати таълим ва корҳои илмию тадқиқотиро аз сар гузаронида, дар як муддати кӯтоҳ ба яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии касбии кишвар мубаддал гаштааст. Аз ҷумла, тайи чанд соли охир ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада бо дастовардҳои худ нуфуз ва мақоми донишкадаро боло бурда, низоми таҳсилот ва пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ ба талаботи замон мувофиқ гардонида шудааст. Дар баробари ин таҳияи стандарт ва барномаҳои таълимӣ, чопи маводи таълимию методӣ ва татбиқи усулҳои инноватсионии таълим имконият доданд, ки донишкада сазовори ҷоизаҳои сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи сифат гашта, имрӯзҳо барои аз аккредитатсияи байналхалқӣ гузаронидани ихтисосҳои мавҷуда корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд. 


Бо назардошти дастоварду пешравиҳо ва муваффақиятҳои имлию таълимӣ дар асоси мактуби муассиси донишкада Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.12.2015 аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф тибқи «Стандартҳо ва меъёрҳои аккредитатсияи институтсионалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати муайян намудани мувофиқат ба меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиш гузаронида шуд. Мувофиқи хулосаи комиссияи санҷишӣ дар бораи муайян намудани мақоми Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият ва нишондиҳандаҳои донишкада аз рӯйи 22 меъёр ба талаботи мақоми Донишгоҳ ҷавобгӯ буданд. 


Korpus1.jpgДонишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо дастури бевоситаи Пешвои миллат аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мақоми чорумро ишғол намуд, ки далели тақвияти гуфтаҳои боло аст. Дар баробари ин, дастовардҳои коллективи донишкада аз рӯйи самт ва соҳаҳои гуногун низ боиси ифтихори коллектив мебошад. 
Бо изҳори қаноатмандӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории 7500 нафар устодону донишҷӯёни донишгоҳро мерасонем. Маҳз бо дастгирию мусоидати бевоситаи Пешвои миллат мо сазовори мақоми донишгоҳ гаштем. Бешубҳа, ин аз сиёсати маорифпарварона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат сарчашма мегирад. 


Ҳамчунин ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён сипосу миннатдории бепоёни худро ба роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонанд, ки бевосита зери сарпарастӣ ва роҳандозии онҳо мо ба ин мартаба расидем. Минбаъд низ дастуру супоришоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату муассисаҳои дахлдорро бо сарбаландӣ ва содиқона иҷро намуда, дар болоравии иқтисодиёти кишвар бо омодасозии кадрҳои баландихтисос саҳм мегузорем. 


Воқеан, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони истиқлолият дар низоми миллии омодакунии кадрҳои баландихтисоси соҳаи иқтисоду молия мавқеи мустаҳкам дошта, бо эҳсоси масъулияти баланд натиҷаҳои назаррасро ба бор овардааст. Айни замон дар фазои илмиву таълимии кишвари маҳбубамон таълимгоҳ мақоми калидӣ дошта, таҷрибаи омода кардани кадрҳои рақобатпазир ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯро доро мебошад. 


Метавон гуфт, ки мо ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ - гирифтани мақоми донишгоҳ ноил гаштем. Ин дастовард натиҷаи фаъолияти софдилона ва самараноки ҳайати профессорону устодон ва болоравии сифати таълиму тарбия дар таълимгоҳ, афзудани корҳои илмию тадқиқотии олимон, тавсеаи равобити хориҷии он, тақвияти заминаҳои моддию техникии донишгоҳ мебошад. 


Мақоми донишгоҳ масъулияти моро дучанд намуда, минбаъд дар баланд бардоштани сифати таълим, корҳои илмию тадқиқотӣ, густариши равобити байналмилалӣ ва чорабиниҳои ташкилию тарбиявӣ кӯшиш хоҳем кард. Зеро шароити имрӯзаи иқтисодӣ ва талаботи бозори меҳнат аз мутахассисони ҷавон маҳорат ва тахассуси баланди касбӣ, дониши ҳаматарафа, ҷаҳонбинии васеъ, забондонӣ, қобилияти мутобиқшавӣ ба шароити кунунии иқтисодиву иҷтимоӣ, малакаи баланди истифода аз технологияҳои навтаринро талаб менамояд. З-ин рӯ, ба толиби илм додани ин ҳама ва чун мутахассиси соҳибтахассус ба ба бозори меҳнат пешниҳод кардан вазифаи ҳар як омӯзгор ва корманди донишгоҳ ба ҳисоб меравад. 


Мусаллам аст, ки дар ноилшавӣ ба ин дастовардҳо фаъолияти софдилонаю пурсамар ва масъулияту иттиҳоди коллективи меҳнатии таълимгоҳ ва ташаббусу талошҳои донишҷӯён нақши бориз дорад ва боварӣ дорем, ки дар оянда низ комёбиву пирӯзиҳо афзун гардида, муассисаи таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлату Ҳукумат ва рушди инкишофи Тоҷикистони маҳбуб пешсаф хоҳад буд. 


Раёсати донишгоҳ