Хабарҳо
Баррасии масъалаҳои истифодаи обҳо дар Осиёи Марказӣ
Рӯзи 4 апрели соли равон дар донишгоҳ бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи фанҳои табиатшиносӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар мавзӯи «Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масъалаҳои об» доир гардид.
Онро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода кушода, дар бораи ташаббускории Тоҷикистон дар масоили об истода гузашт ва гуфт, ки кишвари мо бо захираҳои обӣ ва таъмин будан бо обҳои тозатарини ошомиданӣ дар ҷаҳон мавқеи намоён дорад. Илова бар ин, 60 фоизи обҳои Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли проблемаҳои глобалӣ саҳми худро мегузорад ва ташаббусҳои пешниҳоднамудаи Сарвари давлати тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф ва қабул мегарданд, ки ин боиси сарбаландӣ ва ифтихори ҳар як шаҳрванди давлати мост, гуфт ректор.
Сипас Зайналобидин Кобулиев, д.и.т., профессор, узви вобастаи АИ ҶТ дар мавзӯи «Масъалаҳои истифодаи обҳо дар Осиёи Марказӣ» маърӯзаи пурмуҳтаво кард. Гуфта шуд, ки тағйиротҳои иқлимӣ ба масъалаи захираҳои обӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад, аз ҷумла хусусиятҳои хушкшавӣ ва обхезӣ солҳои охир хеле фаъол шуда истодаанд. Ба замми ин, масъалаи таъмини об ва истифодаи муштараки захираҳои обии дарёҳои фаромиллӣ имрӯз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Солҳои охир дар Осиёи Марказӣ раванди густариши ҳамгироии минтақавӣ фаъолона идома дорад, ки, ба назари мо, бояд ба беҳтар гардидани ҳамкории минтақавӣ дар масъалаҳои обу энергетика кумак намояд, гуфт Кобулиев З.
Мавсуф натиҷаи тадқиқотҳо ва пешниҳодҳоро дар мавриди ин масъала гуфта гузашт, аз ҷумла барои танзими обрав ва гидроузелҳо моделҳои математикии оптиматсионӣ ва имитатсионӣ таҳия карда шудааст, ки истифодаи он барои ҳалли як қатор мушкилоти сатҳи дохилӣ ва минтақавӣ мусоидат менамояд. Инчунин тартиботи муносибатҳои байнидавлатӣ дар самти гидроэнергетика ва обёрӣ ҳангоми истифодаи якҷояи захираҳои обию энергетикии дарёҳои наздисарҳадӣ тадқиқ гардида, моделҳои зарурӣ пешниҳод шудаанд.
Дар музокираҳо Ҳисайнов Ҳ., д.и.и., профессори ДМТ, Бойматов С., устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва Орифҷонова В., устоди кафедраи фанҳои табиаотшиносӣ баромад карданд.
Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ин иҷрои вазифаҳо дар соҳаи захираҳои об ва эҷоди майдони васеъ барои густариши таҷрибаи андӯхта ва ҳамкориҳо дар ин соҳа мебошад. Гузашта аз ин, Даҳсолаи нав ба гузариш ба марҳалаи асосии татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.
Дар охир, суолу ҷавоб сурат гирифт.
Машҳура Абдуллоева