Хабарҳо
Роҳҳои пешгирии экстремизм
Рӯзи 4 апрели соли равон маҳфили илмии донишҷӯён «Рӯзгорон» дар назди кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Моҳияти экстремизм ва роҳҳои пешгирии он» баргузор гардид. Дар маҳфил устодони кафедра ва зиёда аз 20 нафар донишҷӯён иштирок намуданд. Кори маҳфилро мудири кафедра н.и.т., дотсент Х. Насриддинов оғоз намуда, қайд кард, ки мавзӯи маҳфил саривақтӣ буда, бояд ҳар як устод дар раванди дарс баҳри пешгирии ин амали манфури ҷомеа бо донишҷӯён суҳбат намояд. Сипас ассистенти кафедра Фаридун Сафарзода дар мавзӯи «Моҳияти экстремизм ва роҳҳои пешгирии он» маърӯза намуд. Ӯ чунин қайд кард, ки дар асри ХХ1 экстремизм, ки давраи рушду нумӯъро аз сар гузаронида истодааст, ба ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири худро мегузорад ва суботро аз ҳаёти имрӯзаи аҳолии олам бурда, нисбати оянда ноумедиро ба миён меорад. Барои ҳамин зарурат пеш меояд, ки оид ба табиату моҳият ва мафҳуми экстремизм маълумоти муфассал дошта бошем. Танҳо дар ҳолати доштани маълумоти мукаммалу кофӣ метавон муборизаи самаранокро бо ин падидаи манфӣ ба роҳ монд.
Таърихи ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ исбот кардааст, ки экстремизм метавонад дар ҳама гуна давлат ва ҳама гуна шароит ба вуҷуд ояд. Ҳатто дар давлатҳое, ки зоҳиран вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо хуб менамояд.
Вобаста ба шароитҳои объективию субъективӣ сабабҳои пайдоиши экстремизм гуногун мебошанд. Новобаста аз ин сабабҳои умумии пайдоишу ташаккули экстремизм вуҷуд доранд, ки хоси тамоми ҷомеаҳо мебошанд. Ҳамчунин сабабҳои бавоситаи пайдоиш ва ташаккули муносибатҳои байналхалқии мубориза бо экстремизм, сатҳи пасти шуури сиёсӣ, бад будани муносибат бо дигар давлатҳо ва ғайраҳо дохил мешаванд.
Экстремизм метавонад барои ҷомеа чунин паёмадҳои манфӣ дошта бошад:
• хориҷ шудани сармояи хориҷӣ аз давлат;
• коркарди идеологии шаҳрвандон ва барномарезӣ кардани онҳо;
• ба миён овардани бадбинии миллӣ ва динӣ;
• вайроншавӣ ва маҳдудшавии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон;
• вайроншавии суботи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии давлат;
• вайроншавии арзишҳои фарҳангӣ ва таърихӣ;
Сафарзода Ф. дар охир омилҳои ташаккулу инкишофи экстремизмро номбар кард, ки инҳоянд: номуайянии иҷтимоии аҳолӣ, сатҳи нокифояи донишазхудкунӣ, ҳолати буҳронии ҷамъият, ниҳодҳои сусти назорати ҷамъиятӣ ва нокомилии системаи ҳуқуқӣ ва ғайраҳо.
Дар қисмати саволу ҷавоб ва музокира устодону донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, экстремизмро маҳкум карданд.
Иқбол Ҷобиров, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ