Хабарҳо
Оғози курсҳои такмили ихтисос
Дар Маркази такмили ихсисоси ДДМИТ курси кутоҳмуддати низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ (TFMIS) оғоз гардид. Давомнокии курси мазкур 48 соатро дар як моҳ ташкил дода, он тибқи фармоиши вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи автоматикунонии амалиётҳои баҳисобгирии муҳосибӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ» ба роҳ монда шудааст.
Мақсади асосии он таҳия намудани ҳисоботи молиявӣ мувофиқи талаботи стандартҳои ҳисоботҳои молиявии бахши давлатӣ ба воситаи низоми иттилоотии идоракунии давлатӣ мебошад.
Курси мазкур дар чор минтақаи кишвар, дар намояндагии Маркази такмили ихтисои ДДМИТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида мешавад.
Дар курсҳо кормандони муҳосибот аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ фаро гирифта шуда, ба онҳо Аҳлиддин Қувватов, мутахассиси пешбар оиди дастгирии мақомоти молиявии КВД «Маркази дастгирии амалиётҳои молиявии байни буҷетӣ»-и вазорати молия дарс мегузарад.
Лозим ба ёдоварист, ки бо фармоиши вазири молия раёсату сарраёсатҳои муассисаҳои буҷетии ҷумҳурӣ бояд ҳисоботҳои молиявии худро ба ин низом ворид намоянд.
Наврӯз Ҷобиров