Хабарҳо
Нақши зан дар ҷомеаи муосир
Дар кишвари соҳибистиқлолу демократӣ ва ҳуқуқбунёди мо занону бонувон нақши муҳим дошта, имрӯз дар кулли самтҳо фаъолияти густурда мебаранд. Чӣ тавре, ки Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, дар ҳаёти ҷомеа бонувон нақши калидӣ дошта, мо аз комёбиҳои онҳо мефахрем. Ҳоло дар кишвари мо шароитҳои арзанда фароҳам буда, бонувони тоҷик дар қатори мардҳо барои рушди кулли самтҳо фаъолияти назаррас доранд.
Бо ташаббуси кафедраи забони русӣ 6 апрел дар донишкада дар мавзӯи «Нақши зан дар ҷомеаи муосир» мизи мудаввар доир гардид. Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Баҳром Сафаров чорабиниро ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки хушбахтона, бонувони тоҷик фаъолияти чашмрас дошта, барои ободонии диёр ва тарбияи наслҳои ояндасоз саҳми калон мегузоранд. Ҷое, ки зан кору фаъолият мебарад, тартибу низом ва муҳити осуда фароҳам меояд.
Сипас сардори шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Азимова суханронӣ намуд. Ба гуфтаи номбурда имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон 57 санаду меъёрҳои ҳуқуқиро ба тавсиб расонидааст, ки тибқи он мақом ва манзалати бонувон муқаррар карда шудааст. Барномаҳои мушаххаси дар сатҳи давлатӣ қабулшуда кафолати зиндагии шоистаи бонувон ва баробарҳуқуқии гендерӣ мебошад. Тибқи омор айни замон қариб 20 ҳазор ходимони давлатӣ фаъолият мебаранд, ки аз ин шумора наздик ба 5 ҳазор нафарашон бонувон мебошанд. Дар самти маориф, фарҳанг ва тандурустӣ низ ҳиссаи бонувон хеле зиёд аст. Боиси хушнудист, ки теъдоди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисобу занону бонувон рӯ ба афзоиш дорад, гуфт Азимова М.
Намояндаи хазинаи байналмилалии ҳамкориҳои гуманитарӣ «Россотрудничества» Любов Дудко аз иштирок дар ин мизи мудаввар изҳори хушнудӣ намуд. Ӯ изҳор дошт, ки баробари ворид шудан ба донишгоҳ фазои тозаю мусоид ва сарсабзи ин боргоҳи маърифат ӯро мафтун сохт. Сипас баъзе аз нуқтаҳои муҳими маърӯзаи худро, ки дар ҳамммуаллифӣ бо профессор Марҳабо Ҷабборӣ доир ба нақши бонувони тоҷик дар замони муосир иншо гашта буд, қироат сохт.
Дар чорабинӣ, инчунин муаллими калони кафедраи забони русии донишгоҳ Ҷумъа Махшулов баромад намуда, роҷеъ ба мақому манзалати зан дар ҷомеа андешаронӣ кард.
Насрулло Тӯйчизода