Хабарҳо
Нуриддин Саид: «Мақоми нав масъулияти бештар мехоҳад»
Рӯзи 6 апрели соли равон ба муносибати табдили мақоми Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ ташриф овард.
Сараввал вазир Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми марти соли 2018 таҳти №169 дар бораи табдил додани Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро ба ҳамагон қироат кард.
Ӯ ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни ин махзани маърифатро аз номи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин пешравӣ муборакбод гуфта, ба онҳо тансиҳатӣ, тафаккури ҷаззоб, кашфиётҳои нодир ва комёбиҳои тоза дар тамоми самтҳо ва дар амалисозии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барору талошҳои самарбор таманно кард.
Нуриддин Саид дар идомаи суханрониаш гуфт, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди Вазорати маориф ва илми ҶТ ва Вазорати молияи ҶТ азбаски 85% ченакҳои донишкада барои табдил ба донишгоҳ мувофиқат кард, мақом табдил дода шуда, зинаи баландтаре насиби аҳли коллектив ва донишҷӯёни ин таълимгоҳ гардид. Ӯ ҳозиринро шоҳиди ин воқеаи фараҳбахшу таърихӣ дониста, аз хушбахтаринҳо хонд.
- Бо дигар шудани мақом бояд муносибат ба кор низ дигар шавад, зеро ном бояд ба мазмун мувофиқат намояд ва ченакҳои донишгоҳ аз донишкада фарқ мекунанд. Масъулияти ҳар кадоми шумо дучанд бояд гардад, - гуфт Нуриддин Саид.
Сипас профессорони донишгоҳ Ғуломҷон Мирзоев ва Шавкат Исмоилов ва ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Фаридун Сафарзода сухан карда, ба вазир барои башорати нек ва паёми хуш сипосгузорӣ карданд. Гуфта шуд, ки албатта, барои ба ин мақом расидан саҳми роҳбарияти таълимгоҳ, собиқ ректорон ва ҳайати профессорону омӯзгорон дида мешавад. Ба як адад зиёд шудани шумораи донишгоҳҳо барои кишвари мо пешравии калон буда, профессорону омӯзгоронро водор месозад, ки барои сазовор будан ба ин боварӣ сидқан ва софдилона меҳнат карда, дар баландбардории сифати таълим ва пешбурди корҳои илмию тадқиқотии олимони донишгоҳ саҳми чашмрас гиранд.
Дар охир аз номи раёсати донишгоҳ ба Нуриддин Саид барои дастгириашон дар тамоми самтҳои фаъолият ба сифати эҳтирому арҷгузорӣ Сипоснома супорида шуд.
Машҳура Абдуллоева