Хабарҳо
Нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият
Санаи 5-уми апрели соли равон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футбол Рустами Эмомалӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ” конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар он раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода, ректори донишгоҳ Хайрзода Шукрулло, инчунин олимону муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст меҳмонон аз дастовардҳои илмиву варзишии муҳассилини ин даргоҳ ва намоиш бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» боздид ба амал оварда, ба онҳо баҳои баланд доданд.
Дар оғози конференсия Аҳтам Абдуллозода дар мавзӯи мавриди назар баромад намуда, иброз дошт, ки Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз тақдим намудааст.
Дар идома Хайрзода Ш.Қ. дар баромади хеш дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ» иброз намуд, ки дар ба даст овардани сулҳу субот ва пешравиҳои ҷумҳурӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бориз доранд. Конфронси имрӯза низ дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиклолияти давлатӣ” ба ин хотир доир мегардад.
Ҳамчунин дар рафти конференсия олимону муҳаққиқони ҷавон, аз он ҷумла, устоди кафедраи молия ва муомилоти пулии ДДМИТ Даврон Хоҷаев дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар рушди босуботи иқтисодӣ», раиси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Абдулло Давлатзода дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон ва давлатдории миллӣ», инчунин донишҷӯи курси 4-уми факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ Ҷовидон Халифазода дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар масири расидан ба истиқлолияти энергетикӣ» маърӯзаҳо намуданд.
Дар хотима зикр гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳе аз сиёсатмадори дохилиҷумҳурӣ ба арбоби барҷастаи сиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ расида, дар шахсияти худ исбот намуд, ки халқи тоҷик истеъдоду заковати бузурги давлатдорӣ, фарҳангофаринӣ ва сулҳсозӣ дорад. Агар таърихи халқи худ ва фарҳанги онро ба қадри кофӣ ҳар фарди кишвар медонист ва аз камбудиву нуқсон ва хатоиҳои гузаштааш сабақ мегирифт, шояд фоҷиаҳои даҳшатбори солҳои 90-ум дар кишвар рух намедоданд.
Бо таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ чун кишваре, ки ба равандҳои демократии ҷаҳони имрӯза пайвастааст, эътироф гардидааст.
Дар охир ба ректор ва якчанд устодону донишҷӯёни фаъоли ДДМИТ барои фаъолияти пурсамар Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш супорида шуд.
Алишер Назарзода, сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон
Наврӯз Ҷобиров, рӯзноманигор