Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Волидон аз шароити донишомӯзии фарзандонашон шинос гардиданд

Волидон аз шароити донишомӯзии фарзандонашон шинос гардиданд

Санаи 7 апрели соли 2018 бо ташаббуси садорати факултети молия ва қарз ҷаласаи васеи падару модарони донишҷӯёни курсҳои якум доир гардид. Дар он муовини ректор оид ба таълим Нурализода А.Н., сармутахассиси шуъбаи тарбия Давлатова М., декани факултет Шералиев Э ва 100 нафар волидону наздикони донишҷӯён ширкат варзиданд. 
Ин вохӯрӣ дар асоси иҷроиши нақша-чорабиниҳои факултет вобаста ба амалисозии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” сурат гирифта, бештар атрофи ҳамкории наздики волидон бо Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон изҳори андеша карда шуд. 
Нахуст Нурализода А.Н. баромад намуда, падару модарон ва наздикони донишҷӯёнро ба ин даргоҳи илм хушомадед гуфта, андешаҳояшро дар бораи мақом ва нуфузи донишгоҳ, раванди таълим дар он ва шароити муҳайёгардида барои таълимгирандагон баён намуд. 
Ба ақидаи мавсуф, дар амал татбиқ намудани қонунҳои амалкунанда, махсусан Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” вазифаи ҳар як нафар ба ҳисоб рафта, тарбия ва ба камол расонидани фарзандони содиқ ба миллату ватан масъулияти бузургро талаб менамояд. 
- Тибқи низомнома ва талаботи донишгоҳ донишҷӯён бояд сари вақт ба дарсҳо ҳозир гардида, мавзӯъҳои таълимиро аз худ намояд, зеро дар ҳолати 36 соат дар дарсҳо иштирок накардан, инчунин насупоридани маблағи шартнома, донишҷӯён аз донишгоҳ хориҷ карда мешаванд, - афзуд ӯ. 
Дар идома декани факултет Шералиев Э. ва намояндаи шуъбаи тарбия Давлатова М. оид ба сару либоси тавсиявӣ ва дигар талаботҳои дохили донишгоҳ баромад намуда, афзуданд, ки дар якҷоягӣ мо метавонем, ҷавонони лаёқатманд ва мутахассисони баландихтисосро дар ҷомеа ба камол расонем. 
Дар фарҷом аз ҳисоби падару модарон раиси Шӯрои волидон интихоб карда шуда, волидон ба шароити кунунии донишазхудкунии фарзандонашон дар донишгоҳ аз наздик шинос шуданд. 


Мубораки Назримад, эдвайзер оид ба тарбия