Хабарҳо
Об ва рушди устувори иқтисодӣ
Санаи 7-уми апрели соли 2018 дар факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши захираҳои обӣ дар таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ” бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси садорати факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни баргузории он сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, н.и.и., дотсент Муқимов Қ.М., директори генералии муассисаи давлатии ТоҷикНИИГиМ, н.и.и., дотсент Умаров Д., декани факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ, н.и.и.,дотсент Давлатов Х.М., мудири кафедраи суғурта, н.и.и., дотсент Маъдиев С., мудири кафедраи менеҷменти молиявӣ, н.и.и., дотсент Нуров Ш., муовини декан оид ба илм Ормонова М., устодон ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Дар оғоз сардори раёсати илм ва инноватсия, н.и.и., дотсент Муқимов Қ.М. ба кори маҳфил ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсон аз об иборат аст. Мо, тоҷикистониён, аз сероб будани сарзамини азизамон бояд ҳамеша бифахрем. Зеро Тоҷикистон аз захираи обҳои ошомиданӣ бой буда, зиёда аз 13000 пирях, 155 кӯлҳои гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаҳо, обҳои маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад.
Сипас сухан ба директори генералии муассисаи давлатии ТоҷикНИИГиМ, н.и.и., дотсент Умаров Дилшод дода шуд ва мавсуф дар мавзӯи “Таҳлил ва равияҳои дурнамои таъмини рушди устувори сектори об” андешаҳои худро баён дошт. Нотиқ дар баромади худ изҳор намуд, ки сиёсати Тоҷикистон асосан ба рушди гидроэнергетика равона карда шудааст, ки маҳзани асосӣ ба шумор меравад. Ҳиссаи гидроэнергетика дар мувозинаи энергетикии кишвар 98%-ро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 4%-и захираҳои ҷаҳонии гидроэнергетикиро ташкил медиҳад, ки ба 527 млрд. квт/соат дар як сол баробар аст. Айни замон 3,2%- и ин меъёр истифода бурда мешавад. Дар даҳсолаи охир неругоҳҳои обии Сангтӯда-№1 ва Сангтӯда-№2 бо иқтидори 670 ҳазор квт/соат ва 212 ҳазор квт/соат ба истифода дода шуданд. Бинобар ин рушди гидроэнергетика метавонад баръало фаъол намудани ҳамаи иқтисодиёти Тоҷикистон ва саноатро ҳавасманд гардонад.
Мудири кафедраи суғурта, н.и.и., дотсент Маъдиев С., дар мавзӯи «Равияҳои таҳлилии истифодаи захираҳои молиявӣ дар таъмини рушди устувор» сухан карда, оид ба самаранок истифода бурдани захираҳои об диққати иштирокчиёнро ҷалб намуд. Дар ин росто аз тариқи модели таҳлилӣ самаранок истифода намудани маблағҳои ҳифзи муҳитро низ асоснок пешниҳод намуд.
Баъдан донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси суғурта Халифазода Ҷ. дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар соҳаи захираҳои обӣ-энергетикӣ барои рушди устувор» тариқи презентатсия баромад намуда, чунин қайд намуд, ки таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари соҳибистиқлоли моро дар арсаи олам ба хубӣ мешиносанд ва эътироф менамоянд. Бемуболиға мо боифтихор метавонем иброз намоем, ки Тоҷикистони азизи мо зери роҳбарии оқилонаю сиёсати дурандешонаи Президенти кишварамон ҳамчун давлати мустақил таҷдид шуд. Вобаста ба ин мавзӯъ саволу ҷавобҳои муфиду пурмуҳтаво доир гардид.
Дар анҷом риштаи суханро декани факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ, н.и.и., дотсент Давлатов Х.М. ба даст гирифта, бори дигар ширкаткунандагонро бобати ташаббускориашон дар чорабинӣ хайрамақдам гуфт ва аз иштироку фикру ақидаҳои муфид пешниҳод карданашон дар ҷамъомад изҳори қаноатмандӣ арза дошта, дар корҳои минбаъдаи илмию тадқиқотии эшон муваффақиятҳои нав таманно намуд.
М.Ормонова, муовини декан оид ба илми факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ