Хабарҳо
Чорабинии тарбиявӣ дар факултети молия ва қарз
Бо ташаббуси садорати факултети молия ва қарз рӯзи 9 апрели соли равон ҷиҳати иҷроиши бандҳои нақша-чорабиниҳои факултет оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиёрзода Н., ва Файзуллоева Ш., намояндаи Раёсати Хадамоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Бозоров Ф., мутахассиси шуъбаи ҷавонон ва варзиши ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шуҳрати Н. мизи мудаввар дар мавзӯъҳои “Мо бар зидди терроризм ва экстремизм” ва “Пешгирии ғайриқонунии маводи мухаддир дар байни ҷомеа” баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Фирӯз Қодиров оғоз карда, иброз дошт, ки раёсати донишгоҳ тибқи нақша-чорабиниҳои таҳиягардида дар тамоми самтҳо, махсусан пешгирии омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон чорабиниҳоро ташкил ва гузаронида истодааст ва дар оянда низ кӯшиш менамоем, ки ҷиҳати аз байн бурдани кирдорҳои ношоям дар байни ҷомеа ва махсусан миёни донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳиро густурда намоем.
Сипас Наргис Алиёрзода оид ба истеъмол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баромад намуда, қайд кард, ки баргузории чорабиҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуби истеъмол ва паҳни маводи нашъадор басо манфиатовар аст. Ӯ дар бораи гардиши ғайриқонунӣ ва оқибатҳои истеъмоли маводи нашъадор дар байни ҷавонон бо овардани мисолҳои мушаххас каме истода гузашт. Ӯ аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҳушёр бошанд ва ба гирдоби ин бало наафтанд.
Дар ин замина Фирдавс Бозоров ҷиҳати ба хориҷа сафар намудан, инчунин донистани қонуну тартиботи дохилии давлатҳои хориҷи кишвар, махсусан Федератсияи Россия маълумот дода, иброз дошт, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа бо мақсади муҳоҷири меҳнатӣ сафар намуда, бо сабабҳои надонистани талаботҳои давлати бегона, бесаводӣ ва дигар сабабҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шуда, ҷавонии худро аз даст медиҳанд. Аз ин лиҳоз, ба ҷавонон муроҷиат карда, гуфт, ки пеш аз сафар намудан ба дилхоҳ давлат ба Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, ба ҳамаи саволу дархостҳои худ ройгон ҷавоб гиранд, то ин ки дар давлати бегона саргардон нашаванд.
Дар фарҷом, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Сафарзода Фаридун оид ба пешгирии омилҳои террористиву экстремистӣ баромади пурмуҳтаво намуда, сабаб ва оқибатҳои сангини тақдири нафарони гурӯҳҳои ифротгаро шомилгардида ба ҳозирин маълумот дод.
Мубораки Назримад, эдвайзер оид ба тарбия