Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Донишҷӯёни кишвар дар меҳмонии Олимӣ Рауф Латифзода

Донишҷӯёни кишвар дар меҳмонии Олимӣ Рауф Латифзода

Аз 6 то 8 моҳи апрели соли 2018 дар доираи лоиҳаи "Дар меҳмонии ректор", ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати маориф ва илми ҶТ амалӣ гардида истодааст, Олимӣ Рауф Латифзода-ректори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сардорони шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои таҳсилоти оливу касбии кишварро ба ҳузур пазируфт. 
Шоми 6 март дар назди литсей-интернати президентии шаҳри Бӯстон намояндагони Олимӣ Р. меҳмононро ба ҳузур пазируфтанд. Баъд аз истиқбол дар толори фарҳангии литсей-интернати президентӣ чорабинии фарҳангии «Шоми ҷавонӣ» баргузор карда шуд. 
Нимаи аввали санаи 7 апрел бошад, дар доираи ҳамин барнома маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, боздид аз осорхонаи вилоятӣ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, осорхонаи устод Камоли Хуҷандӣ сурат гирифт. 
Нимаи дувуми ҳамон рӯз маросими қабули расмии сардорони шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии кишвар аз ҷониби Олимӣ Р. ва ҳайати устодону донишҷӯёни ин муассисаи олии кишвар сурат гирифт. 
Сипас конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ зери унвони «Об барои рушди устувор: василаҳо ва роҳҳои татбиқи ҳадафҳо» баргузор гардид, ки дар кори он олимони ҷавони кишвар ширкат варзиданд. 
Баъдан дар кохи Ориёнои шаҳри Хуҷанд намоишномаи фарҳангии театр-студияи «Ҷавонӣ»-и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳна гузошта шуданд, ки зимни он дар қатори меҳмонон доираи зиёди сокинони шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд. 
Шоми ҳамон рӯз дар тарабхонаи «Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд чорабинии фарҳангиву фарғатии «Шоми ҷавонӣ» доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур дастаҳои фарҳангии вилоятӣ ширкат варзиданд. 
Санаи 8 апрел барнома бо баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Василаҳои муассири пешбурди корҳои ғоявӣ дар замони муосир» ва гирифтани акси хотиравӣ ба анҷом расид. 
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Давлатзода Абдулло-сардори шуъбаи кор бо ҷавонон, донишҷӯён Нуров Ҷамшед, Низомов Сайдамир, Азизов Зинатулло, Муҳаммади Маҳмадулло, Муқимова Сайёҳат, Манижа Гулмадзода ва Азизмуродова Тахмина намояндагӣ намуданд. 
Бояд гуфт, ки лоиҳаи мазкур соли 2017 бахшида ба Соли ҷавонон роҳандозӣ гардида, он дар як марҳила бештар аз 3 сол идома хоҳад ёфт, ки дар ҷараёни он донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои касбиву олии кишварро бо навбат ректорон қабул намуда, дар доираи барномаҳои мухталифи илмиву технологӣ, маънавию фарҳангӣ, сайёҳиву тиббӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву миллӣ онҳоро аз навгониҳои ҷаҳони муосир ошно месозанд. 


Сайдамир Низомов-аъзои намояндагии кор бо ҷавонон