Хабарҳо
Такмили ихтисоси молиячиён дар ДДМИТ
Шурӯъ аз санаи 10 апрел тибқи фармоиши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Қаҳҳорзода дар ДДМИТ бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандони мақомоти молия курсҳои такмили ихтисос ва семинар-машваратҳо доир шуда истодаанд.
Имрўзҳо дар Маркази такмили ихтисоси ДДМИТ 28 нафар кормандони сарраёсат ва раёсатҳои молия аз шаҳру вилоятҳои кишвар ҷамъ омада, машғули омӯзишанд. Ба онҳо муовини сардори Раёсати фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои азими давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Холиқова дар мавзӯи «Банақшагирӣ ва маблағгузории соҳаи нақлиёт» машғулият мегузаронад.
Мавриди зикр аст, ки курсҳои мазкур самаранок буда, ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу маҳорат ва малакаҳои касбии мутахассисони соҳа мусоидат менамояд.
Курсҳо тӯли 10 рӯз идома ёфта, ҳар моҳ бо ҷалби мутахассисони варзида гузаронида мешаванд.
Насрулло Тӯйчизода