Хабарҳо
Худшиносӣ дар ҷаласаи волидон
Рӯзи 14-уми апрели соли равон дар факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ оид ба амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷаласаи падару модарон доир гардид.
Нахуст декани факултет Х. Давлатов дар баромади худ оид ба давомоти донишҷӯён, риояи тартиби низом суханронӣ намуда, иброз дошт, ки масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд бояд дар ҳамкории тарафайн ба роҳ монда шавад.
Дар идома мудири кафедраи суғурта С. Маъдиев изҳор дошт, ки донишгоҳ ҷойи сайқал додани малакаву маҳорати донишандӯзӣ, даргоҳи илму маърифат ва тарбияи фазилати инсонӣ мебошад. Имрӯзҳо барои таълиму тарбияи насли наврас тамоми шароитҳои зарурӣ муҳаё гардидааст ва бояд масъулиятшиносӣ бештар гардад, зеро давлати мо ба мутахассисони соҳибтаҷриба ниёз дорад.
Инчунин, дар идома мудири кафедраи менеҷменти молиявӣ Ш. Нуров вобаста ба ҳозир шудан ба дарсҳо ва аҳлоқи ҳамидаи инсонӣ ва донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси суғурта Ҷовидон Халифазода дар бораи илмомӯзӣ ва шавқи донишҷӯён ба илм баромад намуданд.
Дар охир якчанд волидайн изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд барои ҳамкории тарафайн саъю кӯшиш менамоянд, то фарзандонашон мутахассиси баландихтисос шуда, барои Ватани азизи худ хизмат намоянд.
З. Алиева, эдвайзер оид ба тарбия