Хабарҳо
Донишҷӯён фарҳанги миллиро дар хориҷа муаррифӣ намуданд
Чун Наврӯз ҷашни байналмилалӣ гардидааст, ин идро дар дар донишгоҳи Нархози Ҷумҳурии Қазоқистон низ таҷлил карданд. Рӯзи 5 апрел дар ин донишгоҳ бахшида ба Наврӯзи аҷам Фестивал-озмун таҳти унвони “Наврӯзи хуҷастапай, хуш омадӣ!” баргузор гардид.
Дар он намояндагони чандин миллату халқиятҳо, ки дар донишгоҳ таҳсил мекунанд, иштирок карда, фарҳангу расму оин, сару либос ва таомҳои миллии худро намоиш доданд.
Дар ин озмун дар 5-гонаи беҳтарин намояндагони миллатҳои тоҷик, ӯзбек, қирғиз, турк, қазоқ буданд. Дар ин озмун донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ҳиссиёти баланди ватандӯстӣ ва масъулияти баланд фарҳанг ва расму оини тоҷиконаро нишон дода, дар байни иштирокчиён сазовори ҷои аввал гаштанд.
Дар омоданамоии ин намоиш саҳмгузории донишҷӯён - Иноятов Фаридун, Тошев Иброҳим, Ҳалимов Содиқ, Холов Манучеҳр, Гулмуродов Ориф, Акбари Абдузоид, Зулфалиев Эркинҷон,Маликзода Балкиз, Маликова Нигора, Мамадсаидова Нурия ва ғайраҳо басо чашмрас буд.
Ҳамин тавр, донишҷӯёни мо дар хориҷа низ ташаббускорӣ нишон дода, фарҳанги миллии хешро муваффақона муаррифӣ намуданд.
Абдуллоева М.