Хабарҳо
Рафти қабули довталабон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Рӯз то рӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон корҳои ободонӣ вусъат гирифта, симои донишгоҳ тағйир ёфта истодааст. Дар давраи таътили тобистона суръати корҳои ободонӣ дучанд шуда, корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла сохтмони бинои нави таълимии сеошёна дар арафаи анҷомёбӣ буда, бинои таълимии №3 аз таъмири пурра бароварда шуд. Дар гирду атрофи биноҳои таълимӣ ва саҳни донишгоҳ гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуданд, ки ба симои донишгоҳ зебогии иловагиро зам мекунад.
Комиссияи қабули донишгоҳ низ дар ин давра фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, қабули довталабонро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои идомаи таҳсил, маълумоти дуюм ва бахши магистратура ба роҳ мондааст. Ҳамчунин дар натиҷаи ба роҳ мондани муносибатҳои хуб бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ қабули довталабони хориҷӣ дар сатҳу сифати нав ба роҳ монда шудааст. Тибқи нақшаи қабули соли хониши 2018-2019 донишгоҳ бояд 1825 нафар донишҷӯро тариқи Маркази миллии тестӣ қабул кунад. Дар натиҷаи тақсимоти якуми маркази тестӣ 1661 нафар довталаб роҳхат гирифтанд, ки аз ин шумора 1474 нафарашон ҳуҷҷатҳои худро ба донишгоҳ супориданд, ки 89% нақшаро ташкил мекунад. Дар давраи дуюми тақсимот бошад донишгоҳ имконият дорад 351 нафар довталабро қабул кунад.