Хабарҳо
Нишасти матбуотии донишгоҳ
- Яке аз дастоварди калонтарини таълимгоҳ ин табдили мақом карда, донишгоҳ гардидани он аст, - гуфт ректори ДДМИТ Шукрулло Хайрзода дар оғози нишасти матбуотии донишгоҳ дар ҳузури рӯзноманигорон, ки рӯзи 25 июли соли ҷорӣ дар маркази матбуоти АМИТ «Ховар» доир гардид.
Ҳамчунин ректори донишгоҳ дар бораи дастовардҳои он дар шаш моҳи аввали соли 2018 ибрози назар карда афзуд, ки дар ин давра 8 нафар устоди донишгоҳ рисолаҳои номзадии худро дар риштаҳои гуногун бо муваффақият дифоъ карда, шумораи устодони унвондорро афзун намуданд. Дастоварди дигар ин ба имзо расидани созишномаи грантии “Коркард ва ҷорисозии тарҳи нави инкишофи соҳибкории инноватсионӣ” аст, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таъсиси марказҳои нави инкишофи зеҳнӣ ва эътирофи байналмилалии донишгоҳ қадами устуворе хоҳад буд, гуфт Хайрзода Ш.
Вобаста ба амалигардонии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар донишгоҳ 7 чорабинии илмӣ баргузор гардид. Инчунин китоби Ақдодова Нилуфар, ассистенти кафедраи менеҷмент бо номи “Рушди сайёҳӣ дар деҳот (дар мисоли Тоҷикистон)” “Развитие туризма в сельской местности (на примере Таджикистана)“ Development tourism in rural areas on example of Tajikistan (ба забони англисӣ) дар Ҷумҳурии Латвия, шаҳри Рига чоп шуд.
Ҳоло дар самти баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва мутобиқ намудани онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ, пурра гузаштан ба шакли электронии идоракунии донишкада, гузаштани ихтисосҳои алоҳида аз аккредитатсияи минтақавӣ ва байналмилалӣ корҳо идома доранд, гуфт дар ҷамъбаст ректор.
Дар рафти нишасти матбуотӣ Хайрзода Ш.Қ. вобаста ба самтҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ, хоҷагидорӣ ва вазифаву нақшаҳои ояндаи фаъолияти таълимгоҳ ба намояндагони васоити ахбори омма маълумоти муфассал ироа карда, ба суолҳои онҳо посухҳои мушаххас дод.
Машҳура Абдуллоева