Хабарҳо
59 нафар дипломи аъло гирифт
Боиси ифтихор аст, ки имсол донишгоҳро 59 нафар бо дипломи «аълочӣ» хатм намуд, ки ин дар таърихи таълимгоҳ бесобиқа аст. Бахшида ба ин рӯзи 7 июли дар толори конфронсӣ маросими супоридани дипломҳои аълочӣ ба хатмкунандагон доир гардид.
Ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода аз номи раёсат хатмкунандагонро табрик гуфта, ба онҳо бурдбориҳо таманно намуд ва иброз дошт, ки бо гирифтани диплом таҳсили онҳо тамом намешавад, балки масъулияти онҳо дучанд мегардад.
- Шумо аз зумраи хушбахттаринҳо ҳастед, ки ба донишкада дохил шуда, донишгоҳро хатм менамоед. З-ин рӯ масъулиятатон дучанд мегардад. Дар талаби донишу илм кӯшишу ғайрататонро идома дода, аз болои худ кор баред ва ҳамчун мутахассиси соҳибтахассус дар рушди иқтисодиёт ва хоҷагии халқи кишвар бо меҳнати пуршараф саҳми арзанда дошта бошед,- гуфт ба хатмкунандагон Хайрзода Ш.Қ.
Баъдан Давлатзода А., сардори раёсати тарбия хатмкунандагон ва волидони эшонро бо хатми муваффақонаи донишгоҳ табрик гуфта, барояшон роҳи сафед дар фатҳи қуллаҳои баландтарини илм таманно кард.
Сипас хатмкунандагон Халифазода Ҷовидон, Амонова Дилнора ва Шукурова Ҳилола ба сухан баромада, ба роҳбарияти донишгоҳ ва устодон изҳори сипос намуданд. Гуфта шуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои ҳукумати кишвар дар Тоҷикистон сатҳи таълиму тарбия баланд гашта, дар ин самт навовариҳо ҷорӣ мегарданд ва барои толибилмон тамоми шароитҳои хубу мусоид фароҳам аст.
Дар охир, ректор дар фазои тантанавӣ ба хатмкунандагон дипломи сурхро супорид.
Ёдовар мешавем, ки имсол донишгоҳро 1 ҳазору 599 нафар хатм намуд, ки аз ин 56 нафар бакалавр ва 3 нафар магистрант дипломи аълочӣ гирифт.
Машҳура Абдуллоева