Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ

Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ

Рӯзи 31 майи соли равон бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи менеҷмент дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ: ҷанбаҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ» доир гардид. Дар он муовини аввали вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода, намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муслиҳиддин Усмонов, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштироку суханронӣ карданд.
Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм Баҳром Сафаров кушода, қайд намуд, ки мавзӯи ҳамоиши илмӣ актуалӣ буда, барои дарёфти роҳҳои рушди иқтисодии кишвар дар шароити ҷаҳонишавӣ замина мегузорад.
Баъдан Ҷамшед Каримзода баромад карда, иброз дошт, ки чандест, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон иқдом гирифтааст доир ба баррасии масъалаҳои мубрами молия ва иқтисод конфронсҳои сатҳи баланди байналмилалӣ доир намуда, ба онҳо коршиносони ватанӣ ва хориҷиро даъват менамоянд. Ҳамзамон ба баррасии ин проблемаҳо даст мезананд, ки боиси дастгирист. Воқеан ҳам, дар шароити кунунии пешрафти илму техника масъалаи ҷаҳонишавӣ яке аз проблемаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Ҷаҳонишавӣ раванди мураккаб ва гуногунҷабҳа буда, ҷиҳати шомил шудан ба низоми он болоравии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ аз манфиат холӣ нест. Дар ин робита Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз сохторҳои марказии молиявии кишвар маҳсуб ёфта, бо татбиқи ислоҳоти идораи давлатӣ дар пешбурди сиёсати молиявии ҷумҳурӣ саҳми худро мегузорад. Ислоҳот дар ин самт имкон дод, ки банақшагирӣ ва иҷроиши буҷет, мониторинги зарурии маблағҳои буҷетӣ, низоми аудити дохилӣ, баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар бахши давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардида, шаффофияти раванди буҷетӣ ва дигар самтҳои асосии низоми молияи давлатӣ таъмин карда шавад. Мавсуф дар ҷамъбаст ба кори конфронс муваффақият хост.
Намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муслиҳиддин Усмонов дар суханронии худ иброз дошт, ки Ҳукумати ҶТ ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ тадбирҳои муайянро роҳандозӣ менамояд ва ҳама гуна санадҳои меъёрию ҳуқуқиро таҳия намудааст, аз он ҷумла Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030, ки ҳадаф, афзалият, вазифа ва самтҳои амалиёт ҷиҳати гузариш ба модели нави сифатноки рушди иқтисодиро бо роҳи инноватсионӣ баён менамояд. Дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии номбурда дастгирии ҳуқуқии рушди бахши хусусӣ, ҷиҳати тақвияти истеҳсолот, мусоидат ба тиҷоратикунонии илму тадқиқот, ташкили истеҳсолоти илмӣ, фаъолияти инноватсионии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар бо назардошти навовариҳо дар доираи ҷаҳонишавӣ барои беҳсозии баъзе соҳаҳои калидии иқтисодиёт, ба монанди саноат, энергетика, кишоварзӣ равона гардидааст, гуфт Усмонов М.
Баъдан Шариф Раҳимзода, раиси кумитаи иқтисод ва буҷети Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, д.и.и., профессор дар мавзӯи «Тоҷикистон ва ҷаҳонишавӣ» баромад кард. Мавсуф асосҳои ҷаҳонишавиро дар рушди босуръати илму техника ва технология дар соҳаҳои нақлиёту алоқа, либератсияи савдо, умумибашарӣ шудани иқтисодиёти ҷаҳонӣ, гузариш ба иқтисодиёту муносибатҳои бозорӣ ва баҳамоии иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ маънидод кард. Ӯ ҷиҳатҳои  манфӣ ва мусбати ҷаҳонишавиро номбар карда, афзалияташро дар асоси рушди рақобат дар сатҳи байналмилалӣ, роҳандозии сарфакорӣ дар истеҳсолот, муфидии тиҷорати байналмилалӣ, истифодаи технологияҳои муосир, пайдоиши имкони расидан ба сатҳи мамлакатҳои мутараққӣ, баҳамоии давлатҳову миллатҳо ва фарҳангҳо, ки муноқишаҳои байни ҳамдигариро рафъ месозад, инчунин мусоидаткунандаи имкониятҳои наву бештар барои одамон дар самти интихоби касбу ҷойи кор ва сармоягузорӣ донист.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 аз рӯйи индекси сатҳи ҷаҳонишавии кишварҳо дар байни 193 кишвари дунё дар ҷойи 154-ум қарор гирифтааст. Дар ин ҷо ба ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ аҳамият дода шудааст, аз ҷумла сатҳи фаъолнокии соҳибкорон ва сармоягузориҳо, ҳаҷми савдо, маҳдудиятҳо ва андозбандии савдои байналмилалӣ, туризми байналмилалӣ, рушди инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионӣ, аъзогӣ ба ташкилотҳои байналмилалӣ, иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва ғайраҳо, - гуфт баромадкунанда. 
Шариф Раҳимзода дар охир барои аз раванди ҷаҳонишавӣ қафо намондани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешравии он чанд пешниҳоди судманд кард, аз қабили таъмини иҷрои стратегияю барномаҳо, пешбурди сиёсати дурандешонаи иқтисодӣ, рӯ овардан ба мактаб, эътирофи илм ва эътимод ба он, дастгирии рушди илмҳои дақиқ, ҷалби техникаю технология ва рушди истеҳсолот бо арзиши баланди иловагӣ, ҳувияти миллӣ дар самти иқтисодӣ ва дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва дигар чораҳои ба рушди ҳамаҷонибаи кишвар мусоидаткунанда, ки иҷрои онҳо аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Дар идомаи конфронс Юрий Соболев, намояндаи доимии Хазинаи байналмилалии асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дурнамои рушди минтақавӣ ва Кристоф Кордоние, роҳбари лоиҳаи Бонки рушди Аврупо дар мавзӯи «Муҳити макроиқтисодӣ ва молиявӣ дар Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо» баромад намуданд.
Дар баромадҳо асосан вазъи иқтисодии кишвар, устувории молияи давлатӣ ва сиёсати пулию қарзӣ таҳлил гардида, барои мукаммалгардонии ин самт бароҳмонии якчанд пешниҳоду тавсияҳо лозим дониста шуд, аз қабили ислоҳоти низоми андозбандӣ, нигоҳдории устувории молияи давлатӣ, истифодаи имкониятҳои нави ҳамгироии минтақавӣ барои амалисозии ислоҳоти сохторӣ ва ғайраҳо.
Ҳамин тавр, дар бахшҳо масъалаҳои моделҳои ҷаҳонишавӣ, ҷанбаҳои институтсионалии ҷаҳонишавӣ, менеҷменти ҳамоҳанг ва ҷаҳонишавӣ, дурнамои ҳамкории иқтисодии кишварҳои СҲШ дар шароити ҷаҳонишавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар муҳокимарониҳо устодон ва коршиносон фаъолона иштирок ва дар бораи мавзӯъҳои баррасишаванда савол ва таклифҳои мушаххас пешниҳод карданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар натиҷаи баромадҳои ҷолиб ва музокираҳо пешниҳодҳои мушаххаси илман асоснок вобаста ба паҳлуҳои гуногуни таҳқиқоти амалӣ ҷамъ оварда шуда, хулосаи мукаммал ба сохторҳои дахлдор ирсол карда мешаванд.
Машҳура Абдуллоева