Хабарҳо
Нақши математика дар иқтисодиёт муҳим дониста шуд
Бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 29 июни соли равон бо ташаббуси кафедраи математикаи олии ДДМИТ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши математика дар иқтисодиёт» баргузор гардид.
Онро бо сухани муқаддимавӣ Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба илми донишгоҳ кушода, қайд намуд, ки нақши математика дар иқтисодиёт хеле назаррас буда, феълан дар асоси моделсозии математикӣ ҷараёнҳои иқтисодӣ пешгӯӣ карда мешаванд.
Сипас Маҷидов Ҳ., д.иф.м., профессори кафедраи фанҳои табиатшиносии ДДТТ дар мавзӯи «Таълими самарабахши фанни «Консепсияҳои табиатшиносии муосир» дар низоми кредитии таҳсилот ва Усмонов Н., д.и.ф.м., профессори кафедраи математикаи олии ДДМИТ дар мавзӯи «Татбиқи муодилаҳои дифференсиалӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ» баромад карданд.
Дар баромадҳо гуфта шуд, ки фанни математика бо иқтисодиёт алоқамандии зич дорад. Инкишофи иқтисоди миллӣ аз он вобаста аст, ки то кадом андоза иқтисодиёти мо аз дастовардҳои илмҳои муосир истифода мебарад. Илми иқтисоди ҳозира бо илми таҳлилию аналитикӣ ва бо истифодаи компютерҳои ҳозиразамон амиқтар ва мафассалтар гаштааст. Дар ин ҷода математика на танҳо воситаи ҳисоби миқдорӣ, балки ҳамчун усули аниқи тадқиқот ва воситаи саҳехӣ гузориши масъалаҳои ҳалталаб хизмат мекунад. Аз ин лиҳоз, раванди ҷараёни макроиқтисодиро бе методҳо ва модулҳои метаматикӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. барои ин дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таълими фанҳои математикаи олӣ, математика дар иқтисодиёт, моделҳои математикӣ дар иқтисодиёт, назарияи эҳтимолият ва омори риёзӣ, эконометрика, математикаи молиявӣ ва ғайра ба роҳ монджа шудааст, ки ҳар кадоми он дар омодасозии иқтисодчиёни оянда вазифа ва ҳадафи муайяни худро иҷро мекунанд.
Ҳамин тавр, дар натиҷаи татбиқи методҳои математикӣ дар иқтисодиёт омӯзиши пурраи таъсири омилҳои алоҳида ба нишондиҳандаҳои умумии иқтисодии фаъолияти ташкилоту муассиса, кӯтоҳшавии муҳлати татбиқи таҳлил, баландшавии ҳисоббаробариҳои дақиқи иқтисодӣ ва тадқиқи масъалаҳои бисёрчанакаи аналитикӣ, ки ҳалли онҳо бо усулҳои анъанавӣ ғайриимкон аст, имконпазир мегардад.
Баъдан конфронс дар ду бахш: проблемаҳои таълими математика, математика дар иқтисодиёт ва низоми кредитии таҳсилот дар макотиби олӣ ва проблемаҳои муосири математика идома дошт, ки дар он зиёда аз 35 маърӯзаи олимони соҳа аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар шунида шуд.
Ёдовар мешавем, ки маводи конфронс қаблан чоп шуда, ба иштирокчиён тақсим гардид.
Машҳура Абдуллоева