Хабарҳо
Пурзӯрсозии фаъолияти зиддикоррупсионӣ
Дар асоси қарори ҷаласаи раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 27-уми августи соли 2018 «Дар бораи пешгирӣ аз омилҳои коррупсионӣ ва даст назадан ба ин амали номатлуб дар раванди комиссияи гузаронидану барқарор» сардори бахши таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ Сайдалӣ Ҳайитов бо кормандону устодони донишгоҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид.
С. Ҳайитов бо кормандони раёсати таълим, раёсати илм ва инноватсия, устодони кафедраҳои тахассусӣ ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ мулоқот доир намуд. Ӯ дар баромадҳои худ зикр намуд, ки коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ буда, ба пояҳои иқтисодии давлат таҳдид менамояд. Масъалаи пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ бошад, ҳамеша дар мадди назари давлату ҳукумат қарор дорад.
ДДМИТ бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори худ кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявиро таъсис додааст, ки дар он мутахассисони соҳаи ҳуқуқ ба донишҷӯён масъалаҳои роҷеъ ба ҳолатҳои зиддикоррупсиониро меомӯзонанд.
Бояд хотиррасон намуд, ки муқовимат бо коррупсия вазифаи ниҳодҳои дахлдор буда, дар муассисаҳои олӣ масъалаҳои илмӣ, таълимӣ ва қонунгузории зиддикоррупсионӣ омӯхта мешавад. Кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ ба нақша гирифтааст, ки воситаи таълимиеро бо номи «Ҳуқуқи зиддикоррупсионӣ» ба нашр расонад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ҷаласаи ректорат вобаста ба мубориза бар зидди коррупсия таъкид гардид, ки нақша-чорабинии сохторҳои донишгоҳ доири «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» тасдиқ карда шуда, мавриди иҷроиш қарор дода шавад.
Ҳамзамон садорати факултетҳо ва сардорони сохторҳо вазифадор гардиданд, ки дар байни омӯзгорон ва кормандон оид ба «Низомнома дар бораи гузаронидан, барқароркунӣ ва хориҷ намудани донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои фаҳмондадиҳиро дуруст ба роҳ монда, дар бораи қоидаҳои комиссияи интиқолу барқарор эълону овезаҳо насб намоянд.
Наврӯз Ҷобиров