Хабарҳо
Табрикоти ректори ДДМИТ Шукрулло Хайрзода бахшида ба Рӯзи дониш
Устодону кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Шуморо ба муносибати Рӯзи дониш сидқан табрику таҳният намуда, бароятон рӯзгори обод, саломативу хушбахтӣ, фаъолияти пурсамар ва таҳсили хубу аъло таманно дорам.
Чун анъана, ҳар сол рӯзи 1-уми сентябр бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси сулҳ ва Рӯзи дониш гузаронида мешавад, ки бозгӯи тавваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат ба соҳаи маориф ва илм аст. Тадбирҳои то кунун амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаи маориф барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ, саводнокиву маърифати аҳолӣ ва пешравии ҷомеа мусоидат намуд. Воқеан соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии кишвар яке аз самтҳои афзалиятнок, пояи муҳимтарини давлатдории миллӣ, омили таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад ва навсозию тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро бидуни рушди илму маориф таъмин намудан аз имкон берун аст.
Таҷрибаи таърихӣ собит намудааст, ки инсони босаводу донишманд барои ҳар як давлат сарвати бебаҳо ва неруву захираи тавонои зеҳнӣ ба шумор рафта, рушди тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва таъмини сатҳу сифати баланди зиндагии мардум, пеш аз ҳама, аз сатҳи донишу маърифатнокии аҳли ҷомеа вобастагӣ дорад. Хосатан дар замони муосир, ки илму технологияҳои навин рушд карда, ихтирооту наворариҳо афзун мегарданд. Аз ин рӯ, барои мутахассиси ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат будан бояд ҷавонони мо дастовардҳои нави илму технологияҳои инноватсиониро ба хубӣ аз худ карда, забонҳои хориҷиро балад ва навовару ташаббускору ҷӯянда бошанд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, донишандӯзӣ барои ҷавонон ба сифати сармояи аввалин хизмат мекунад. Аз давраи донишҷӯӣ, ки марҳилаи зеботарини зиндагӣ, айёми муҳимми омӯзиш, азхудкунии илму дониш ва касбу ҳунар аст, босамар истифода бурда, мукаммалтар гардидан рисолати ҳар як толибилм аст.
Аз ин рӯ, ҷавобан ба дастгириҳои давлату ҳукумат ва хусусан ғамхориҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат аҳли коллективи меҳнатии донишгоҳ ба масъалаи беҳтар кардани сифати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони баландихтисос бояд диққати махсус дода, ба дараҷаи баланди таълиму тарбияи муҳассилин муваффақ гардем.
Мутмаинам, ки бо фаъолияти содиқонаву муташаккилона мо дар пешрафти минбаъдаи таълимгоҳ ва афзун кардани дастовардҳои он ба пирӯзиҳои навин шарафёб хоҳем гашт.