Хабарҳо
Таҷлили хотирмони Рӯзи дониш
Ба ифтихори Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ташриф овард. Вазир аз сохтмони бинои нави сеошёна, ки дар таълимгоҳ рафта истодааст, дидан кард. Ҳамчунин мавсуф синфхонаҳои тахассусӣ ва китобхонаи илмии донишгоҳро тамошо карда, барои пешбурди минбаъдаи муваффақонаи фаъолият ба роҳбарияти донишгоҳ дастуру пешниҳодҳои мушаххас дод.
Баъдан Қаҳҳорзода Ф.С. дар ҷаласаи ботантана бахшида ба Рӯзи дониш иштирок ва суханронӣ кард. Вазири молия сараввал аҳли ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёнро бо фарорасии соли нави таҳсил ва гирифтани мақоми донишгоҳ шодбош гуфта, ба ҳамагон тандурустӣ ва сарбаландӣ таманно кард. Зимни суханронӣ Қаҳҳорзода Ф.С. аз ҷумла қайд намуд, ки бо ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати мамлакат барои рушди кулли соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ тадбирҳои зиёде роҳандозӣ кард. Шоҳиди онем, ки дар давоми 27 соли соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ хеле устувор гаштаанд ва таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самти иҷтимоиёт ва хоса ба соҳаи маориф нигаронида шудааст ва бешубҳа, рушди тамоми соҳаҳои мамлакат ба маориф вобаста аст. Навсозӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро бидуни рушди илму маориф таъмин намудан аз имкон берун аст, гуфт вазир.
Дар охир, вазири молия аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки аз шароитҳои беҳтарини фароҳамомада ва аз устодони варзидаи ин таълимгоҳ истифода бурда, хубу аъло таҳсил намоянд ва мутахассиси касбии соҳаи молия ва иқтисод шаванд.
Сипас вазир дар вазъи тантанавӣ ба профессор Кошонова М.Р. ва мудири кафедраи молияи донишгоҳ Давлатов Х. барои хизматҳои арзанда дар омода кардани кадрҳои соҳа ва фаъолияти пурсамар Ифтихорномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.
Дар охири ҷамъомади тантанавӣ хатмкунандаи шуъбаи омода кардани кадрҳои илмию педагогӣ Қадриддини Қамариддин баромад карда, арзи эҳтироми худро ба устодони хеш расонид ва ба толибилмони соли аввал рамзан калиди дониш ва дафтарчаи имтиҳонотиро супорид ва онҳоро ба фатҳи қуллаҳои баланди дониш ва соҳибтахассус гаштан даъват намуд. Аз номи толибилмони тоза ба донишгоҳ шомилшуда донишҷӯи курси аввал бо боварӣ ва эҳтироси баланд дар назди нишастагон савганд ёд кард, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, тамоми қувваю дониши хешро барои бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ сарф менамоянд ва давомдиҳандагони анъанаи донишҷӯёни пешин мешаванд.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дар ҷамъбаст ба устодон ва донишҷӯён якчанд дастурҳои судманд дод, аз ҷумла ташкили мастер-класс ва тренингҳо бо ҷалби олимону коршиносони соҳаи иқтисоду молия, истифодаи самараноки таҷҳизоти замонавии хониш баҳри болобурди сифати таълим, иштироки олимони донишгоҳ дар таҳияи Стратегияи рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва дигар санадҳои муҳим, ҷалби мутахассисони хориҷӣ ба донишгоҳ, омода намудани таҳлилгарони иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа.
Машҳура Абдуллоева