Хабарҳо
Дарси сулҳ
Ҳамасола рӯзи 1-уми сентябр дар миқёси ҷумҳурӣ Рӯзи дониш бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад ва он бо Дарси сулҳ оғоз мегардад. Имсол низ дар ҳамаи толорҳои донишгоҳ ба воситаи телевизион суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино доир гардид, аз ҷониби устодону донишҷӯён, кормандони таълимгоҳ бо таваҷҷуҳи зиёд шунида шуд. Ҳозирин баромади Пешвои муаззами миллатро бодиққат гӯш карда, нуктаҳои асосии онро барои худ ҳамчун дастурамал ва раҳнамо қабул карданд ва дар фаъолияти минбаъдаи педагогӣ ва таҳсили хеш аз он дастур пурсамар истифода хоҳанд кард.
Абдуллоева М.