Хабарҳо
Вазифаи мо ободгардонист
Ҷиҳати ободу зебо ва хуррамгардонии таълимгоҳ ва гирду атрофи он дар арафаи иди пуршукӯҳи давлатӣ – 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ рӯзи 2 сентябри соли равон ба шанбегии умумӣ бароманд.
Онҳо гирду атрофи донишгоҳ, қад-қади роҳи он, саҳни ҳавлии хобгоҳҳоро тозаву озода карда, ба гулҳо об доданд ва ҷӯйборҳоро тоза карданд.
Бояд гуфт, ки коргоҳ хонаи дувуми мост ва тозаву озода ва сабзу хуррамгардонии он вазифаи ҷонии ҳар як корманд ва донишҷӯ мебошад.
Абдуллоева М.