Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нахустин ҷоизаи ДДМИТ дар соли  хониши нав

Нахустин ҷоизаи ДДМИТ дар соли хониши нав

Боиси хурсандист, ки аввалин ҷоизаро дар аввали соли нави таҳсил Китобхонаи илмии донишгоҳ соҳиб гардид. Китобхона дар озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2017-2018», ки аз тарафи Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии патентию техникӣ бахшида ба Рӯзи китоб ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил шуда буд, иштирок карда, соҳиби Ифтихорнома гардид.
Дар донишгоҳ айни ҳол китобхонаи илмӣ ва электронӣ фаъолият менамоянд, ки имрӯз бо таҷҳизоти нави замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. 
Kitob350.jpgИмрӯз фонди китобхонаи илмии донишгоҳро зиёда аз 96 ҳазору ҳаштсад нусха адабиёти таълимӣ, тахассусӣ, илмӣ, бадеӣ ва дигар дастуру барномаҳо ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, 72 ҳазор нусха китобҳои тахассусӣ ва умумитаълимӣ, зиёда аз 14 ҳазор нусха китобҳои илмӣ, зиёда аз 6 ҳазор нусха китобҳои бадеӣ ва зиёда аз 4 ҳазор нусха дастуру барномаҳо, силлабусҳо ва бонки лексияҳо, 6 нусха рисолаи илмӣ, 2 нусха рисолаи докторӣ, зиёда аз 80 нусха фишурдаи рисолаҳо ташкил медиҳанд. Аз ин миқдор, зиёда аз 68300 нусха ба забони тоҷикӣ, 27801 нусха бо забони русӣ ва зиёда аз 650 нусха адабиёт бо забонҳои хориҷӣ мебошад. 
Бояд гуфт, ки китобхона бо компютер (32 адад) муҷаҳҳаз буда, зиёда аз 10-тои он ба шабакаи интернет пайваст аст. Зиёда аз 550 ҳазор нусха адабиёт дар китобхонаи электронӣ мавҷуд буда, аксарияти он бо забони русиянд. 
Имрӯзҳо таваҷҷуҳ ба китоб рӯ ба болоравӣ дорад ва ин далели он аст, ки мардуми мо аз азал китобдӯст ва китобдор буд. Миқдори хонандагони ба китобхонаи илмии донишгоҳ ташрифовар дар давоми сол зиёда аз 53 ҳазорро ташкил медиҳад, вале ин қонеъкунанда нест. Мо дар байни ҷавонон барои ҷалби бештари онҳо ба китобхониву китобхона корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем. Зеро дар ягон давру замон бе китоб донишу ғизои маънавӣ гирифтану дар зиндагӣ соҳиби тахайюлоти бою рангин гардидан ва нуктадону суханвар шудан аз имкон берун аст. Дар байни халқ таъбире ҳаст, ки мегӯянд: «Ганҷ магир – китоб гир». Ин ба он хотир аст, ки боигарӣ масраф гашта, ба итмом мерасад, вале китоб чун дӯсти вафодору беғараз то абад боқӣ мемонад. Пас, рӯ ба китобу китобхона оред, дари китобхона ҳамеша боз аст. 



Абдуқаюм Юнусов, директори китобхонаи илмии ДДМИТ