Хабарҳо
Паёми табрикотӣ бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Шуморо бо ҷашни мубораки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимонаю сидқан муборакбод намуда, бароятон тансиҳатӣ, осмони софу беғубор ва дастархони пуфайзро таманно дорам.
Истиқлолияти давлатӣ яке аз падидаҳои муқаддас ва неъмати бебаҳои давлатдории миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоту монеаҳоро бартараф намуда, таҳкурсии давлати соҳибихтиёрро гузошт. Мусаллам аст, ки дурнамои рушди Тоҷикистон дар заминаи таҳким ва таъмини истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, амнияти миллӣ, амалисозии принсипҳои адолати иҷтимоӣ ва самаранокии иқтисодӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоии ҷомеа тарҳрезӣ ва бунёд гардидааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ислоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ самтҳои муҳимми ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, ба тадриҷ ва муттассил идома меёбанд. Самтҳои афзалиятноки рушд, ба мисли таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва амнияти озуқаворӣ ва таъмини шуғли пурмаҳсул дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар амал татбиқ мешаванд.
Албатта, барои амалисозии ҳамаи ҳадафҳо таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ шарти асосист. Истиқлолият ҳамчун рамзи озодӣ, ваҳдати миллӣ, адолат, соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ моро дар назди имрӯзу ояндаи миллати хеш масъул гардонида, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки дар ҷодаи худ баҳри инкишофи давлати хеш содиқонаву софдилона хидмат кунем.
Дар шароити ҷаҳони муосир мо танҳо бо заҳмати аҳлона, ваҳдату ватандӯстӣ метавонем Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳимоя намуда, иқтисоди давлатамонро пешрафта ва ҳадафҳои миллиро амалӣ созем.
Таманнои онро дорам, ки дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Ватан оташи меҳру ҳамдилӣ фурӯзон бошад ва барои ободии ин меҳан сарҷамъона фаъолият намоем.
Бигзор, нури озодиву истиқлолият ба хонадони ҳар кадоми Шумо файзу баракат ва саодат бахшад!
Ҷашни истиқлолияти давлатӣ муборак бод!
Ректори ДДМИТ н.и.и., дотсент Хайрзода Ш.Қ.