Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Самтҳои асосии некуаҳволии аҳолӣ

Самтҳои асосии некуаҳволии аҳолӣ

5 сентябр дар донишгоҳ семинари илмӣ-назариявӣ доир гардид, ки дар он маърӯзаи аспиранти кафедраи назарияи иқтисодӣ Эраҷ Сатторов дар мавзӯи «Основные направления повышения уровня благосостояния населения в условиях интеграции экономических связей в мировом хозяйстве» («Самтҳои асосии некӯаҳволии аҳолӣ дар шароити ҳамгироии робитаҳои иқтисодӣ дар хоҷагии ҷаҳон») шунида шуд.
Дар даҳсолаи охир қариб дар ҳамаи кишварҳои дунё ҷараёни баҳисобгирии даромади мардум сурат гирифта истодааст.  Даромади нисбатан ками қисми зиёди аҳолии дунё  ва ҷамъоварии зиёди сарват аз ҷониби гурӯҳи хурди аҳолӣ боиси коҳиш ёфтани имконияти харидорӣ гашта, рушди истеҳсолотро дар сохтори иқтисодиёт маҳдуд месозад. 
Чӣ тавре ки зикр гашт, сиёсати  Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти иқтисодиёт равона гардидааст.  Новобаста аз мушкилоти таъмини рушди устувори иқтисодӣ  кишвар барои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои зиёд меандешад. Дар сатҳи давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони кишвар  Стратегияи миллии рушд то соли 2030 қабул гаштааст, гуфт баромадкунанда. 
Пас аз маърӯза байни иштирокчиён ва баромадкунанда саволу ҷавоб ва музокираҳо сурат гирифт.


Н. Тӯйчизода