Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ДДМИТ зодаи истиқлол аст

ДДМИТ зодаи истиқлол аст

- Дар солҳои истиқлолият ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ ва татбиқи ислоҳоти бунёдӣ дар соҳаи иқтисодиёт ба рушди ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи кишварамон мусоидат намуд, гуфт зимни суханрониаш Шукрулло Хайрзода, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар чорабинии сиёсӣ, ки ба ифтихори таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 7 сентябри соли равон дар таълимгоҳ баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ ҳозиринро бо ҷашни бузурги миллӣ муборакбод намуда, аз дастовардҳои даврони истиқлолият ёдовар шуд. Ӯ, аз ҷумла дар бораи рушди бемайлони иқтисодӣ истода гузашта, афзуд, ки дар зарфи солҳои истиқлолияти давлатӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,7 маротиба ва музди меҳнати миёнаи моҳонаи як корманд нисбат ба соли 2000-ум 74 маротиба афзоиш ёфт, ки барои некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста имкон медиҳад. Ректор рушди соҳаи маориф ва таъсиси сершумори муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбиро дар мамлакат маҳсули даврони истиқлолият дониста, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодро низ зодаи истиқлолият номида, аз устодону толибилмон даъват ба амал овард, ки бо гирифтани мақоми донишгоҳ нуфузи он дар дохил ва дар беруни кишвар боло меравад. Аз ин рӯ, аз омӯзгорону кормандон масъулияти бештар, болобурди сифати таълиму тарбия ва пешравии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, густариш ва тавсеаи равобити хориҷӣ ва умуман фаъолияти босифату поквиҷдонона дар тамоми самтҳо талаб карда мешавад. Барои беҳтарсозии вазъи иҷтимоии кормандон ва дар пайравии иқдоми Ҳукумати кишвар дар мавриди баланд бардоштани музди меҳнат ба андозаи 15%, роҳбарияти донишгоҳ низ ба ҳадди 10% маоши кормандонро баланд кард, гуфт ректори таълимгоҳ.
Istiqlol4001.jpg- Муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият ин дастоварди бузург ва неъмати беҳамтои миллӣ рисолати ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст, гуфт дар охир Хайрзода Ш.Қ. 
Сипас Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастоварди меҳварии давлатдории миллӣ» баромад карда, дар бораи арзишҳои миллӣ, таҳкими рукнҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, бартараф кардани муаммо ва монеаҳои онҳо, оштинопазир будан бо хоинони миллат ва дигар масъалаҳои марбут ба он истода гузашт. Мавсуф толибилмонро ба донишандӯзӣ ва мукаммалшавӣ даъват карда, ояндаи иқтисодиёти кишварро ба донишу маҳорати касбии эшон рабт дод.
Дар идома Момогул Шодиева, сармуҳаррири маҷаллаи «Молия ва ҳисобдорӣ»-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли нишастро бо ҷашни истиқлол табрик намуда, дар бораи моҳияти истиқлолияти давлатӣ истода гузашт. Ӯ қайд кард, ки истиқлолият ҳамчун рукни бунёди озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии ҳастии миллати мо буд. Агар ба таърихи 27 соли истиқлолият назар афканем, дар тамоми соҳаҳо пешрафтро эҳсос мекунем. Махсусан, дар соҳаи маориф, ки авлавияти бештар дар буҷети давлатӣ ба ин соҳа дода мешавад. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ меваи истиқлол буда, Вазорати молия ҳамчун муассиси ин таълимгоҳ пайваста барои рушду такомул ва пешравии он ҳавасманд буда, онро дастгирӣ менамояд ва боварӣ дорем, ки минбаъд низ донишгоҳ бо омода кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи молия ва иқтисод дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми назаррас мегузорад, гуфт Шодиева М.
Дар охир, Шодиева М. ба ифтихори ҷашни истиқлолияти давлатӣ ба чанд тан муаллифони фаъоли маҷаллаи «Молия ва ҳисобдорӣ» - Хайрзода Ш.Қ., Абдуллоева М., Шералиев Э., Оймаҳмадов Г., Нуров Ш., Саидов Р. Ифтихорномаи идораи маҷалларо тақдим намуд.


Машҳура Абдуллоева