Хабарҳо
Амалишавии барномаи мубодилаи устодону донишҷӯён
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдати пойдор имрӯзҳо Тоҷикистони маҳбуби мо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як кишвари ободу зебо ва шукуфон табдил ёфтааст. Вобаста ба ин солҳои охир дар пасманзари афзоиши шӯҳрати байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол робитаҳои хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки зодаи замони истиқлолият аст, густариш ёфта, ба сатҳи сифатан нав баромадааст.
Дар асоси Созишномаи ҳамкории байни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишкадаи муҳандисӣ-техникии Екибастуз ба номи академик К.И. Сатпаеви Ҷумҳурии Қазоқистон тибқи таҷрибаи мубодилаи омӯзгорону донишҷӯён як гурӯҳ омӯзгорон ва донишҷӯён ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташриф оварданд. Қобили қайд аст, ки устодон аз таҷрибаи ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ сабақ омӯхта, ҳамзамон дар семинар ва чорабиниҳои илмию таълимӣ иштирок хоҳанд кард. Донишҷӯён бошанд, дар доираи барномаи таълимии ихтисосҳои марбут ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Барои будубош ва коромӯзию таҳсили донишҷӯён аз ҷониби раёсати донишгоҳ шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, дар баробари ин як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла боздид аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва маҷмааҳои бошукӯҳи шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Раёсати донишгоҳ тасмим дорад минбаъд низ таҷрибаи мубодилаи донишҷӯён ва коромӯзии мутақобиларо дар доираи созишномаҳои мавҷуда ба роҳ монда, ҳамчунин ҷиҳати густариши ҳамкориҳои таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва илмии кишварҳои хориҷи дуру наздик чораҳои муассирро таҳия ва татбиқ намояд.
Айни замон Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо зиёда аз 90 муассисаҳои таълимӣ, илмию тадқиқотӣ ва созмону ташкилотҳои байналхалқӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.