Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Суҳбати самимӣ бо донишҷӯёни курсҳои аввал

Суҳбати самимӣ бо донишҷӯёни курсҳои аввал

Ҳамасола дар аввали соли хониш раёсати таълимгоҳ бо донишҷӯёни курсҳои аввал вохӯрӣ мегузаронад. Ин навбат низ ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода рӯзи 18 сентябр бо толибилмони соли аввали факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт (5 гурӯҳи академӣ – 129 нафар) мулоқот доир намуд. 
Сарвари донишгоҳ аввалан донишҷӯёнро ба муносибати оғози соли хониши нав ва ба мақоми донишҷӯ сазовор гардидан муборакбод ва эшонро ба донишомӯзию ташаббускорӣ даъват намуд. Мавсуф ба ҳозирин дар бораи риояи тартиботи дохилии донишгоҳ, қоидаҳои донишҷӯӣ, одоби салом додан истода гузашта, аз шароитҳои муҳайёнамудаи донишгоҳ барои таълиму тарбия ва тарзи ҳаёти солим, аз қабили китобхонаи илмӣ ва электронӣ, синфҳои лингафонӣ ва тахассусӣ, лабораторияҳо ва варзишгоҳу толорҳои варзишӣ самаранок истифода бурданро тавсия дод. 
Хайрзода Ш. дар идомаи суҳбат донишҷӯёнро ба зиракии сиёсӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ даъват намуда, вазифаи аввалиндараҷаи толибилмонро дар донишандӯзӣ, забономӯзӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва ташаббускорию навҷӯӣ донист. Ректор ба ҷавонон сарфакорона ва ба суди худ истифода бурдани вақтро маслиҳат дода, дар айёми донишҷӯӣ дӯстони наву ҳақиқӣ пайдо намудану тақвияти ваҳдати ҷавононро муҳим донист. 
Дар охир донишҷӯён ба суолҳои худ аз ректор посухҳои қаноаткунанда гирифтанд. 
Вохӯрӣ хеле самимӣ ва рӯҳбаландкунанда гузашт. 
Ин қабил суҳбатҳои ректори таълимгоҳ бо донишҷӯёни курсҳои аввал дар дигар факултетҳо низ гузаронида мешаванд. 


Машҳура Абдуллоева