Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Донишҷӯён узви Китобхонаи миллӣ шуданд

Донишҷӯён узви Китобхонаи миллӣ шуданд

Санаи 18 сентябри соли равон донишҷӯёни курси яки ихтисоси идораи давлатии факултети иқтисод ва бизнес бо роҳбарии куратори гурӯҳ Ҷовидон Халифазода тасмим гирифтанд, ки ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон рафта аъзо шаванд. 
- Ҳадафи асосии ин иқдом рушди малака ва маҳорати касбӣ, ҷалб намудан ба китобхонӣ, огоҳ будан аз осори адабию илмии адибону мутафаккирони тоҷик аст. Ин амал боис мегардад, ки донишҷӯён донишҳои назариявии худро мустаҳкамтар созанд. Зеро мо ҷавонони даврони истиқолият бояд таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро сармашқи кори худ қарор дода, барои муаррифии фарҳанги пурғановати миллиамон саҳмгузор бошем, - афзуд Ҷ. Халифазода. 
Парвина Қамариддинзода донишҷӯи соли якум мегӯяд, қаблан бинои хуштарҳи замонавии китобхонаро танҳо тавассути оинаи нилгун дида буд. Аз он ифтихормандам, ки дар маркази пойтахти мо чунин бинои боҳашамат дар ихтиёри мо донишҷӯёну ҷавонон аст. Ин марказҳои фарҳангӣ имкон медиҳанд, ки ҷавонони мо вақти худро пурсамар сарф намуда, барои рушди минбаъдаи хеш талош варзанд, - мегӯяд Парвина. 
Пас аз узвият ба Китобхонаи миллӣ ва ба даст овардани билети узвият донишҷуён ба театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ раҳсипор шуданд, то намоишномаи наверо тамошо намоянд. 


Н. Тӯйчизода