Хабарҳо
Тарғиби фарҳанги либоспӯшии бонувон
Имрӯзҳо воридшавии фарҳанги бегона ва либоси ғайрро ба бар кардани занон мавзӯи доғи рӯз гардидааст. Вобаста ба ин, рӯзи 19 сентябри соли равон бо ташаббуси раёсати тарбия ва иштироки бонувон ҷаласа доир гардид.
Онро Бунавша Қодирова, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ кушода, мақсади баргузории ҷаласаро дар шарҳу фаҳмондадиҳии азбарнамоии либосҳои тавсиявӣ барои бонувон арзёбӣ кард. Гуфта шуд, ки ҷиҳати амалисозии риояи талаботи азбарнамоии либосҳои тавсиявӣ ҳар як кормандзан муваззаф мегардад, зеро либос нишондиҳандаи фарҳангу арзишҳои миллии мо мебошад. Омӯзгори муассисаи таҳсилоти олӣ бояд аз ҷиҳати донишу малака ва фарҳанги либоспӯшӣ аз дигарон фарқ кунад ва бо он дар ниҳоди донишҷӯён ҳисси зебоипарастиро бедор созад, гуфт Қодирова Б.
Дар идома Мавҷуда Давлатова, сармутахассиси раёсати тарбия дар бораи фаъолияти кураторони гурӯҳҳои академӣ ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани соатҳои тарбиявӣ, талқини китобдӯстӣ, одоби муоширату маърифати оиладорӣ дар байни толибилмон, ҳамчунин ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти худогоҳию хештаншиносӣ ва ватандӯстии ҷавонон изҳори андеша намуд. Мавсуф ба кураторон барои беҳтар кардани сифати дарсҳои тарбиявӣ ва дар мавриди фаъолу ташаббускор будани эшон маслиҳатҳои судманд дод.
Машҳура Абдуллоева