Хабарҳо
Баррасии мушкилоти омӯзиши забони хориҷӣ
Рӯзи 21 сентябри соли равон бо ибтикори кафедраи забонҳои хориҷӣ дар ДДМИТ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Мушкилоти омӯзиши забони хориҷӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид. Дар оғози семинар мудири кафедра Тӯйғунов Носир суханронӣ карда, мавзӯъ ва мазмуни маҳфилро ба иштирокдорон фаҳмонид. Баъдан дотсенти кафедраи забонҳои хориҷӣ, дотсент Якубова В.В. доир ба проблемаҳои асосии омӯзиши забони хориҷӣ дар замони муосир маврӯзаи илмӣ намуда, мушкилоти душворомӯзии забонҳои хориҷиро дар набудани шавқ ва рағбати донишҷӯён ва банд шудани вақти зиёди онҳоро бо технологияи муосир арзёбӣ кард. Якубова В.В. дар идомаи маърӯзааш донишҷӯёнро тарғиб ба роҳҳои азхудкунии анъанавии забони хориҷӣ кард. Дар интиҳои маҳфил ба донишҷӯён супоришҳо барои омодагии хуб ба маҳфилҳои ояндаи кафедра дода шуд.
Ногуфта намонад, ки маҳфили кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ ҳар моҳ вобаста ба мавзӯъҳои забоншиносӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар шароити муосир равона карда мешавад.
Раҳимзода Нуралӣ