Хабарҳо
Вохӯрӣ бо донишҷӯёни соли аввал
Дар рӯзҳои 20-21 сентябр вохӯрии ректори ДДМИТ Хайрзода Ш. бо донишҷӯёни соли аввали факултетҳои муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва иқтисод ва бизнес баргузор гардид.
Ректор Хайрзода Шукрулло дар рафти суханрониаш бо донишҷӯён аз он изҳори қаноатмандӣ ҳосил намуд, ки имсол ҳудуди 300 нафар донишҷӯ аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба донишгоҳ дохил шуданд ва ин боиси ифтихор аст, ки аз 40 муассисаи таҳсилоти олии кишвар донишгоҳи моро интихоб кардаанд. Ректор дар вохӯрӣ бо донишҷӯёни хориҷӣ аз наздик ошноӣ пайдо карда, онҳоро ба ДДМИТ “хуш омадед” гуфт.
Ректори донишгоҳ дар идомаи вохӯрӣ донишҷӯёнро барои риоя кардани талаботи ягонаи донишгоҳ, сару либоси тавсиявӣ ва давомот дар дарсҳо огоҳ намуда, интизоми намунавӣ ва одоби саломдиҳӣ ба омӯзгорону меҳмонони донишгоҳро дар мадди аввал гузошт.
Дар интиҳои вохӯрӣ вобаста барои иҷроиш ва назорати талаботи умумидонишгоҳӣ деканони факултетҳои муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва иқтисод ва бизнес вазифадор карда шуданд. Мулоқоти роҳбарияти донишгоҳ бо донишҷӯёни соли аввали дигар факултаҳо идома дорад.
Раҳимзода Нуралӣ