Хабарҳо
Омӯзиши махсусиятҳои кори менеҷмент
Рӯзи 21-уми сентябр бо ташаббуси кафедраи менеҷменти донишгоҳ маҳфили «Зеҳн» доир гардид. Дар он устодон ва донишҷӯён фаъолона ширкат варзиданд.
Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илҳои иқтисодӣ, профессор Таваралӣ Ғаниев дар мавзӯи «Мактаби ташаккули пешвоёни судовар» баромад намуда, ба ҳозирин моҳияти мавзӯъро ба таври муфассал кушода дод.
Дар маҳфил қайд карда шуд, ки имрӯз дар ҷаҳон нақши менеҷмент барои такмил додани фаъолияти корӣ бениҳоят зарур аст. Бобати асосҳои назариявии менеҷмент, ташкили фаъолияти алоҳидаи менеҷмент, санъати роҳбарӣ дар менеҷменти корхона ва хиради роҳбарӣ изҳори андеша карда шуд.
Инчунин Ғаниев Т. доир ба хештаншиносии роҳбарӣ, менеҷменти рушди неруи инсонӣ, пешвоӣ дар роҳбарӣ, равоншиносии касбии иқтисодӣ, вақтшиносӣ дар роҳбарӣ, мактаби сарварсозӣ ва менеҷменти байналмилалӣ андешаҳояшро баён намуда, барои менеҷменти хуб шудан ба ин принсипҳо амал карданро шарти асосӣ ҳисобид.
Дар охир миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.
Наврӯз Ҷобиров