Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Симои таълимгоҳ диданию назаррабо мегардад

Симои таълимгоҳ диданию назаррабо мегардад

Донишҷӯёну омӯзгорони ДДМИТ соли нави хониши 2018-2019-ро бо симои нав, яъне ба анҷом ёфтани таъмиру тармими биноҳои таълимӣ ва омода намудани синфхонаҳо, хобгоҳҳо ва майдончаҳои гирду атроф пешвоз гирифтанд. Шахси вориди донишгоҳгардида, бегумон таровати гулҳои зебою муҷалло ва ҷилои биноҳои таъмиргардидаро нодида намемонад ва он ба бинанда завқи бештаре мебахшад. 
Чун мушоҳида мешавад, сол то сол симои таълимгоҳ диданию назаррабо мегардад ва шароити таҳсил ба куллӣ тағйир ёфта, рӯ ба беҳбудӣ дорад. 
Тавре аз раёсати хоҷагидорӣ иттилоъ доданд, имсол дар донишгоҳ корҳои таъмиру таҷдид ва сохтмону ободонӣ ба таври густурда ба роҳ монда шуда, ҳоло ҳам идома дорад. Аз ҷумла дар бинои таълимии №1 корҳои сохтмонию азнавсозӣ ва таъмири пурраи синфхонаҳо, майдонҳои наздиҳавлигӣ, хатҳои обдиҳӣ ва ташкили гӯшаҳои иттилоотии зиддисӯхторӣ ба анҷом расонида шудааст. 
Дар бинои таълимии №2 таъмири маҷмӯи хатҳои гармидиҳӣ, оби ошомиданӣ аз нав барқарор карда шуда, дохили бинои таълимӣ, синфхонаҳо ва утоқҳои кории муаллимон ва коргарон пурра аз таъмир бароварда шуд. Дар бинои таълимии №3 бошад, аз ошёнаи 1 то 4 таъмири ҷории пешдолон ва роҳравҳо, зинапояҳои дохили бино, синфхонаҳову утоқҳои корӣ аз тарафи пудратчиён ба анҷом расид. 
Дар ин бинои таълимӣ барои фароҳам овардани шароити таҳсили донишҷӯён зиёда аз 420 маҷмӯъ мизу курсиҳои дарсӣ ва барои утоқҳои кории устодони кафедраҳо зиёда аз 400 курсӣ харидорӣ гардидааст. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg
 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg

Чун хобгоҳ “хонаи дуюм”-и донишҷӯён аст, сатҳи зисту зиндагӣ имрӯз дар ду хобгоҳи донишгоҳ ба талаботи замон ҷавобгӯст. Барои муҳайё сохтани шароити зисти истиқоматкунандагон дар хобгоҳҳои №1 ва №2 онҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Бояд тазаккур дод, ки дар ин хобгоҳҳо корҳои зиёде ба сомон расонида шуда, ҳамаи ҳуҷраҳои хобӣ азнавсозӣ ва системаи гармидиҳию хатҳои оби ошомиданӣ барқарор карда шуданд. Инчунин 26 адад кати хоби дуқабата, 36 адад кати хоби якқабата ва дар маҷмӯъ, 300 рахти хоб иваз ва таҷдид карда шуд. Имсол намо ва боми биноҳои донишгоҳ аз таъмир бароварда шуда, қубурҳои шабакаи гармидиҳиро пурра иваз карданд. 

Умуман, қисми маъмурию хоҷагии донишгоҳ соли равон баҳри амалӣ сохтани нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ оид ба ободгардонӣ кӯшиш ба ҳарҷ дода, дар шинонидани гулу буттаҳо ва нарм намудани бехи дарахтон, ки заминаи асосии ободу зебо намудани симои донишгоҳ мебошад, саҳми назаррас гузоштанд. 
Хурраму зебогардонии саҳни муассиса вазифаи ҳар яки мост. Бинобар ин, бо дастури роҳбарияти донишгоҳ барои ободу зебо гардонидани атроф ва майдончаҳои биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишҷӯён зиёда аз 600 бех гулҳои ороишӣ шинонида шудааст. Аз тарафи кормандони раёсати хоҷагидорӣ ҳамарӯза дарахтони гирду атрофи назди биноҳои донишгоҳ ба тартиб дароварда шуда, шанбегиҳо ташкил карда мешавад. 
Мусаллам аст, ки муҳайёсозии шароити мусоиду созгор барои кору таҳсил асоси муваффақияту самаранокии фаъолияти корманд ва донишҷӯро ташкил медиҳад. Инро ба назар гирифта, роҳбарияти донишгоҳ пайваста дар талоши беҳтарсозии шароити кору таҳсил аст. Чун вақти зиёдамон дар коргоҳу таълимгоҳ мегузарад, моро мебояд, ки аз таҷҳизоти техникӣ ва корӣ самаранок ва эҳтиёткорона истифода намоем. Ба нигоҳубини гулу буттаҳои саҳни донишгоҳ ва ободгардонии он аҳамияти ҷиддӣ дода, ба қадри меҳнати кормандони хоҷагӣ бирасем, зеро донишгоҳ хонаи дуюми мост. 


Нуралӣ Раҳимзода