Хабарҳо
Ҳунарнамоии дастаи «Ҷавонӣ» дар Боғи Парчам
Ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷашну маъракаҳои миллӣ-давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса ва бо барномаҳои рангину фарҳангӣ-фароғатии дастаҳои ҳунарии муассисаҳои кишвар истиқбол ва ҷашн гирифта мешаванд. Имсол низ иқдоми баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баҳри истиқболи ҷашнҳои бузурги кишвар дар шаҳри Душанбе бо ҳунарнамоии дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар баргузор шуда истодаанд.
Шоми 23 сентябр бахшида ба ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва истиқболи рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи Парчами миллии шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатии дастаи ҳунарии «Ҷавонӣ»-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии фарҳангӣ донишҷӯёни донишгоҳ бо истеъдоду малакаи баланд ҳунарнамоӣ карданд. Дар чорабинии фарҳангӣ устодону донишҷӯёни ДДМИТ ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок доштанд. Дастаи ҳунарии «Ҷавонӣ»-и ДДМИТ-ро Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар роҳбарӣ мекард.
Барномаи ҳунарии донишҷӯён аз бахшҳои шеърхонӣ, сурудхонӣ, рақс ва саҳнаи тарбиявӣ иборат буд. Сокинон ва меҳмони дар чорабинии фарҳангӣ иштирокдошта барномаи донишҷӯёнро хуш пазируфта, дар баробари ҳунарнамоии толибилмони донишгоҳ рақсу бозӣ ва сурудхонӣ мекарданд. Дар охири барнома роҳбари дастаи «Ҷавонӣ» Ҷурамуроди М. баҳри болидахотирии сокинон дар фазои сулҳу оромии кишвар сурудхонӣ кард ва дар зери савту наво донишҷӯён ва сокинони пойтахт рақсу шодӣ карданд.
Нуралӣ Раҳимзода