Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Устодону донишҷӯёни Қазоқистон ба ДДМИТ омаданд

Устодону донишҷӯёни Қазоқистон ба ДДМИТ омаданд

Боиси хушнудист, ки имрӯз ДДМИТ бо 87 муассисаи таҳсилоти олии хориҷи кишвар ҳамкориро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, бо 5 донишгоҳи Ҷумҳурии Қазоқистон шартномаи ҳамкорӣ дорад. Дар доираи чунин ҳамкориҳо аз санаи 10.09.2018 то 12.10.2018 аз Донишкадаи инженерӣ-техникии Екибастуз ба номи академик К.Сатпаев сафари ду нафар лектор ва 7 донишҷӯ ба ДДМИТ сурат гирифт. Мо бо онҳо ҳамсуҳбат гашта, аз андеша ва таассуроташон пурсон шудем: 
Донишҷӯёни курсҳои 3 ва 4-и риштаҳои иқтисодиёт ва менеҷменти ин донишкада Диана Анарбаева, Майя Бажунаишвили, Дана Асылбекова, Анель Окапова, Дарья Ломакина, Анастасия Лапотько ва Рустем Босняков меҳмони идораи рӯзномаи «Молия ва иқтисод» шуда, аз бардоштҳои худ чунин изҳори андеша намуданд: 
- Аз вақти будубош ва таҳсиламон дар Тоҷикистон таассуроти хеле рангин бардоштем. Барои аксарамон ин сафар аввалин сафари хориҷӣ мебошад. Тоҷикистон кишвари офтобист ва мардумаш хеле меҳмоннавозу самимиянд. Биноҳои муҳташам ва меъмории ғайриодии шаҳр моро мафтун сохт. Душанбе шаҳри гулпӯшу сабзпӯш аст. Дар ҳама ҷо садбаргҳои шукуфонро дидем, ки аз тамошояш кас ҳаловат мебарад. Аз қалъаи Ҳисор низ дидан кардем, ки басо диққатҷалбкунанда буд. То ба Тоҷикистон омадан дар бораи ин кишвар маълумоти кофӣ надоштем ва фикр намекардем, ки дар Тоҷикистон чунин одамони нек ҳастанду кишвари хеле сарватманд аст. Сарвати асосии кишвари тоҷикон ин мардуми нексиришташ аст. Мӯйҳои дарози духтарон ва либоси миллии онҳо ба мо писанд омад. Хеле гуворо буд дидани ин манзараҳо ва мо ба ваҷд омадем аз он ки тоҷикон ба фарҳанги миллӣ эҳтироми хос доранд. Ҳатто бори аввал дарахти анорро дидем, ки дар саҳни донишгоҳ месабзидааст. 
Аз шароиту сифати таълим дар донишгоҳ қаноатмандем. Омӯзгорон кӯшиш менамоянд дарсҳоро бо сифати баланд гузаронанд. Дар донишгоҳ назорати қатъии интизоми меҳнат ва талаботи ҷиддӣ ба либоспӯширо мушоҳида кардем. Фикр мекунем, ин барои беҳбудии кор аст, зеро эҳсос мегардад, ки ба раванди таълим таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода мешавад. Дар ин ҷо дӯстони нав низ пайдо намудем, ки моро меҳмондорӣ карданд ва ба тамошои шаҳр бурданд. Бозорҳои шаҳр низ ҷолиб буда, ҷавонон одобу муомилаи хуб доранд. 
Қобили зикр аст, ки ДДМИТ донишгоҳи бузург буда, дар ин ҷо аз рӯи беш аз 40 ихтисос мутахассис омода мегардад. Донишгоҳ ҷавобгӯи талаботи замони муосир аст. Масоҳаташ бузург буда, хобгоҳи хубу замонавӣ дорад. Шаҳраки тамизеро мемонад, ки дар ихтиёри донишҷӯён гузошта шудааст. Донишкадаи мо ва шаҳрамон хеле хурд аст ва табиист, ки имкониятҳои мо низ камтаранд. Дар мо асосан ихтисосҳои техникӣ омӯзонида мешаванд. 
Мехостем ба ҳамаи омӯзгорон ва кормандон изҳори миннатдории хешро баён созем, ки вақти худро дареғ надошта, ҳамеша бо моянд. Ва қабл аз ҳама, ташаккур ба роҳбарияти ҳарду донишгоҳ, ки чунин имконияти хубро бароямон фароҳам оварданд. Бигзор чунин дастрасиҳову имкониятҳо бештар бошанду ҷавонони тоҷику қазоқ бо ҳам рафту омад намуда, аз фарҳанги якдигар огаҳ шаванд. 


Насрулло Тӯйчизода