Хабарҳо
Омӯзиш ва таҳлили иқтисодиёти мамлакатҳои ҷаҳон дар маҳфили илмӣ
Санаи 28.09.2018с. дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДДМИТ маҳфили илмии донишҷӯёни кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ дар мавзӯи «Нақши давлатҳои аврупоӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон» баргузор гардид. Маҳфилро раиси он Акрамова Бибималика, ассистенти ҳамин кафедра оғоз намуда, дар бораи моҳияти мавзӯъ мухтасаран маълумот дод. Сипас муовини декан оид ба илм – Шодиев Қ.С. баромад карда, қайд намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ таҳлил намудани иқтисодиёти мамлакатҳо ва омӯзиши иқтисодиёти ҷаҳон барои мутахассисони соҳаи иқтисодиёт муҳим мебошад.
Дар маҳфили омӯзишӣ донишҷӯи соли аввали гурӯҳи англисӣ Холова Жасмина дар мавзӯи «Иқтисодиёти Малта» баромад намуд. Ёдовар бояд шуд, ки маҳфил бо забони англисӣ баргузор гардида, дар он аз усул, техникаву роҳҳои истеҳсолоти кишвари Малта ёдовар карда шуд. Инчунин таҷрибаҳои иқтисодиёти кишвари Малта бо иқтисодиёти Тоҷикистон муқоиса гардид.
Қайд гардид, ки давлати Малта таърихи куҳан дошта, давраҳои гуногуни давлатдориро аз сар гузаронида аст. Мавқеи географии давлати Малта дар Аврупои Хурд ҷойгир буда, аз захираҳои табиӣ танқисӣ мекашад, аммо иқтисодиёти он хуб рушд кардааст ва сабаби ин пешравӣ дар назди бандар ҷойгир будани он аст. Ҳар сол иқтисодиёти Малта 5% рушд мекунад, инчунин музди маоши камтарин 747,54 евро, ММД-и он 11 млрд доллари амрикоиро ташкил менамояд.
Мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ Давлатшоева Зарина дар интиҳои маҳфил баргузории чунин маҳфилҳои омӯзиширо барои донишҷӯён тавсия дода, аз омӯзиш ва пешбурди соҳаи иқтисоди кишвар аз тарафи ҷавонон таъкид намуд.
Нуралӣ Раҳимзода