Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Оиладорӣ аз нигоҳи иқтисодиёт

Оиладорӣ аз нигоҳи иқтисодиёт

Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ санаи 26-уми сентябр бо ибтикори садорати факултаи иқтисод ва бизнес дарси кушоди илмӣ-тарбиявӣ таҳти унвони «Баланд бардоштани нақши дониш, дараҷаи ҷаҳонбинии ҷавонон дар маърифати оиладорӣ» баргузор гардид. 
Дарси кушодро декани факулта Эмомалӣ Шералиев ҳусни оғоз бахшида, аз баргузории чунин маҳфилҳои хусусияти таълимию тарбиявидошта изҳори қаноатмандӣ кард. Баъдан тибқи нақшаи баргузории дарси кушод мудири кафедраи суғурта Маъдиев С. таҳти мавзӯи «Баланд бардоштани саҳми дониш, дараҷаи ҷаҳонбинии ҷавонон дар маърифати оиладорӣ» баромад намуд. Номбурда зимни баромади хеш аз маърифату фарҳанги оиладорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон андешаронӣ намуда, рукн ва танзими оиларо дар пешравии ҷомеаи кишвар дар мадди аввал гузошт. 
Маъдиев С. маърифати оиладориро аз нигоҳи илми иқтисодиёт баҳогузорӣ ва муқоиса карда, «замин», «сармоя», «маблағгузорӣ» ва «қувваи корӣ»-ро асоси рукни ҳастии инсоният донист ва ҳимоя аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бунёди оилаи солим ва барорбарҳуқуқии марду занро дар ҷомеаи демократии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард. 
Дарси кушоди факултаи иқтисод ва бизнес бо суолу муҳокимаҳои устодон ва донишҷӯён вобаста ба бунёд, маърифат ва фарҳанги оиладорӣ дар ҷомеаи муосир ба поён расид. 


Нуралӣ Раҳимзода