Хабарҳо
Таҳлили фаъолияти иқтисоди хориҷии кишвар
Рӯзи 29-уми сентябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи назарияи иқтисодӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ: назария ва амалия» баргузор гардид.
Дар он Шарипов Ҷамшед, намояндаи Вазорати молияи ҶТ, Маҳмадалиев Фаррухрӯз, корманди Бонки миллии Тоҷикистон, Эркаев Сафар, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва дигар олимони соҳа иштирок доштанд.
Сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳ Хайрзода Ш.Қ., ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки дар низоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз» ва муносиботи дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ роҳандозӣ гардидааст, ки барои рушди фаъолияти иқтисодии хориҷии кишвар мусоидат менамояд. Рӯзҳои 27-28-уми сентябри соли равон баргузории иҷлосияи навбатии сарони давлатҳои ИДМ низ шаҳодат аз он медиҳад ва яке аз масъалаҳои баррасишавандаи он густариши муносибатҳои иқтисодии берунаи ин давлатҳо маҳсуб меёбад. Дар ҳамоиши имрӯзаи илмӣ низ мо тасмим гирифтем, баъзе ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии вазъи имрӯзаи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таҳлил ва тадқиқ қарор диҳем, ки аз натиҷаҳои он ба ниҳодҳои дахлдор пешниҳоду тавсияҳои илман асоснок карда мешавад, - гуфт дар охир ректор ва ба кори конфронс оғоз бахшид.
Баъдан Мавзуна Каримова, доктори илмҳои иқтисодӣ, мудири шуъбаи Институти иқтисодӣ ва демографияи АИ ҶТ дар мавзӯи «Махсусиятҳои фаъолияти савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи муосир» баромад намуд. Гуфта шуд, ки дар савдои хориҷӣ аз ҷиҳати содирот бо давлатҳои хориҷ Қазоқистон дар ҷойи авал меистад ва 27,1 фоизро ташкил медиҳад, дар ҷойи дувум Туркия аст бо 19,5% фоиз, дар воридоти молу маҳсулот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, Федератсияи Россия 32,6% ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 20%-ро ташкил медиҳанд. Барои рушди савдои хориҷӣ чораҳои сиёсати тиҷоратӣ қабул гардидаанд, ки бо қабули қонуну барномаҳои муайян танзим карда мешаванд, - гуфт баромадкунанда. Ҳамчунин дар бораи стратегияи рушд ва авлавиятҳои рушди фаъолияти тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд.
Сипас Туҳфа Усмонова, д.и.и., профессори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳамкориҳои байнидавлатӣ - шарти муҳимми таъмини шароити рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон» баромад кард.
Мавсуф барқарор шудани муносибатҳои иқтисодию тиҷоратиро байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки вусъати тоза гирифтаанд, омили муҳимми рушди устувори на танҳо ин ҷумҳуриҳо, инчунин минтақаи Осиёи Марказӣ маънидод кард.
- Динамикаи афзоиши устувору босуръати тиҷорати мол байни ин ду кишвари ҳамсоя худ гувоҳи рушди беназири муносибатҳои иқтисодию тиҷоратианд, ки маҳз ба шарофати талошҳои пайвастаи сарони ин кишварҳо имконпазир гардид, - гуфт Т. Усмонова.
Гуфта шуд, ки гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 2017 назар ба соли 2015 қариб 7 маротиба афзуда, беш аз 126 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод ва соли гузашта ба 236 миллион доллар расид. Содироти маҳсулот ба Ӯзбекистон якуним маротиба зиёд шуд. Дар шаш моҳи соли равон гардиши мол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 дарсад (69 миллион доллар) афзуда, $192,6 млн.-ро ташкил дод.
Ин ду кишвар имкон доранд, ки солҳои наздик ҳаҷми гардиши солонаи молро ба 1 миллиард доллар расонанд, - хулоса карданд олимон.
Сипас Наимов М., н.и.с. дотсент, корманди масъули дастгоҳи КМИ ҲХДТ дар мавзӯи «Ҳадафҳои стратегии ислоҳоти институтсионалӣ ва таҳкими неруи инсонӣ барои рушди давлатдорӣ» ва Эркаев Сафар дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ омили инкишофи иқтисоди ҷаҳонӣ дар замони ҳозира» баромад карданд.
Баъди нисфирӯзӣ кори конфронс дар бахшҳо идома ёфт. Дар он масъалаҳои мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми сармоягузории байналхалқӣ, саноатикунонӣ ҳамчун омили тақвияти иқтидори содиротии кишвар, мукаммалгардонии муносибатҳои тақсимот дар шароити муосир, омилҳои ба сатҳи бехатарии озуқаворӣ таъсиркунанда ва ғайраҳо баррасӣ карда шуданд.
Дар ҷамъбаст барои рушди фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ниҳодҳои дахлдор пешниҳодҳои илман асосонок карда шуд.
Машҳура Абдуллоева