Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Муносибатҳои иқтисодию сиёсии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон

Муносибатҳои иқтисодию сиёсии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон

Рӯзи 29 сентябри соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзӯи «Муносибатҳои иқтисодиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон» баргузор гардид. Онро муовини декан оид ба илм Қ. Шодиев оғоз намуда, қайд кард, ки муносибатҳои мамлакат бо кишвари дӯст - Ӯзбекистон торафт рушд карда истода, ба ҳар ду кишвар имкон медиҳад, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва сатҳи некуаҳволии аҳолии худро беҳтар намоянд. 
Сипас, донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ Ромиш Зарипов ва Сунатулло Азиззода дар бораи паҳлуҳои сиёсиву иқтисодии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон маърӯза намуда, иброз доштанд, ки дар форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе 16 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи умумии 620 млн доллар ба имзо расид. Инчунин дар соли 2017 гардиши савдои хориҷӣ байни ин ду кишвар ба 240 млн доллар баробар шуд. 
Маърӯзачиён, ҳамчунин илова намуданд, ки барои беҳтар намудани фазои сиёсӣ ва таъмини ҳуқуқии ин муносибатҳо бисёр санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ баста шудаанд. 
Дар охир раиси маҳфили донишҷӯёни кафедраи фаъолияти гумрукӣ Сайодил Акбаров ба баромадкунандагону иштирокчиён изҳори сипос намуда, донистан ва омӯхтани муносибатҳои иқтисоди хориҷии кишварро барои донишҷӯён муҳим арзёбӣ намуд. Дар охир муҳокима ва суолу ҷавоб сурат гирифт.


Наврӯз Ҷобиров