Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши Пешвои миллат дар пойдории забони давлатӣ

Нақши Пешвои миллат дар пойдории забони давлатӣ

Рӯзи 3 октябри соли равон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо ибтикори кафедраи забони тоҷикии донишгоҳ конфронси илмию назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат – ҳомии забон» баргузор гардид. Дар он олимону коршиносони забони тоҷикӣ аз муассисаҳои илмию пажӯҳишӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар иштирок доштанд.
Ҳамоишро ректори  донишгоҳ Шукрулло Хайрзода кушода, аҳли толорро бо Рӯзи забони давлатӣ муборакбод намуда, иброз дошт, ки забон дар пойдорӣ ва ҳастии халқу миллатҳо ҳамеша ҷойгоҳи махсусеро дошт. Маҳз бо дарки арзиши ҳамин манзалат забонро ҳастии миллат, шиноснома ва ё шаҳсутуни аслии он унвон кардаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳомии асосии забони давлатӣ гардиданд. Имрӯз дар тамоми корхонаву муассисаҳо коргузорӣ ба забони давлатӣ буда, забони илм низ забони тоҷикӣ шуд, гуфт ректор. 
Баъдан Алии Муҳаммади Хуросонӣ, д.и.ф., профессор дар бораи манзалати забони давлатӣ ва нақши Пешвои миллат дар рушди забон андешаҳои хешро баён сохт ва дар тақвияти гуфтаҳояш намунае аз ашъори тозаэҷоди худ қироат намуд.
Дар баромади худ Баҳриддин Камолиддинов, профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии ДМТ дар бораи баъзе масъалаҳои баҳсноки ҷумлаҳои мураккаби тобеъ дар забони тоҷикӣ истода гузашт. Профессор бо изҳори таассуф таъкид сохт, ки имрӯзҳо забони воситаҳои ахбори омма хеле коста гардидааст, ҳол он ки забони ВАО бояд оинаи забони миллат бошад ва аз он соҳибзабонон забон омӯзанд. Бинобар ин аз тарафи соҳибони забон нисбати он ғамхорӣ бояд зоҳир карда шавад, то ин ки маснади давлатии худро аз даст надиҳад, гуфт дар ҷамъбаст Камолиддинов Б.
Баъдан дар баромади профессори ДДМИТ Шаҳбоз Кабиров дар мавзӯи «Назари кӯтоҳе ба сарнавишт ва мақоми забони тоҷикӣ дар тӯли таърих» дар бораи давраҳои инкишофи забони тоҷикӣ, таҳқиқотҳои осори хаттии забон, мақоми забони тоҷикӣ дар давраи истилои арабҳо ва мансубияти забони тоҷикӣ ба оилаи забонҳои ҳинду аврупоӣ, инчунин вазъ ва мақоми имрӯзаи забони давлатӣ андешаҳо гуфта шуд. 
- Давраи соҳибистиқлолӣ марҳилаи  навини инкишофи забони давлатӣ маҳсуб меёбад. Зеро дар ин давра таҳаввулоти забон мушоҳида мешавад бо воридшавии истилоҳоту имлои нав ба забон, гуфт Кабиров Ш.
Сипас Маъмура Гулова, устоди Донишгоҳи аграрии ба номи Шириншо Шотемур баромад карда, забонро пояи давлатдорӣ номид ва барои безавол мондани ин поя беолоиш нигоҳ доштани забонро муҳим арзёбӣ кард.
Раванди ҷаҳонишавӣ метавонад мавқеи баъзе забонҳоро танг намояд. Дар чунин шароит саҳми чеҳраҳои сиёсӣ дар мондагории забони миллӣ хеле назаррас аст, ба мисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Худ нутқи баёни таъсирбахши Пешвои миллат ва суханрониашон дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба забони ноби тоҷикӣ ин шаҳодати ҳомии воқеии забон будани эшон аст, гуфт баромадкунанда. 
Дар охири қисми ифтитоҳии конфронс донишҷӯён дар бораи Пешвои миллат ва забони тоҷикӣ шеърҳо қироат карданд.
Пас аз нисфирӯзӣ конфронс корашро идома дод ва олимони забоншинос дар бораи нақши Пешвои миллат ва мақоми забони тоҷикӣ дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии кишвар, асари «Забони миллат-ҳастии миллат» - равшангари бунёди забони тоҷикӣ, таҳким ва пойдории забони давлатӣ дар даврони Истиқлолият, самтҳои асосии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат оид ба рушди забони тоҷикӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво карданд.


Машҳура Абдуллоева