Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Омӯзиши малакаҳои соҳибкорӣ

Омӯзиши малакаҳои соҳибкорӣ

Аз 27 то 29-уми сентябр бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги «Омӯзиши фаъолияти соҳибкорӣ. Қадам ба қадам» дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ баргузор гардид, ки дар он аз устоди кафедраи таҳлили иқтисодии ДДМИТ Шодиев Кӯҳзод дар мавзӯи «Ҷалбкунии ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ» баромад намуд. Дар тренинг донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои олии шаҳри Душанбе иштирок доштанд. 
Дар тренинг К. Шодиев диққати иштирокчиёнро ба омӯзиши фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб намуда, мафҳум ва моҳияти соҳибкорӣ, ақидаҳои мутафаккирони иқтисодӣ оид ба фаъолияти соҳибкорӣ, тарзи таҳия намудани бизнес-нақша, дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти соҳибкорӣ, таъминнокии ҷойҳои корӣ, рақобатпазир гардидани молҳои ватанӣ бо молҳои хориҷӣ, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва аҳамияти он ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва таъсири проблемаҳои дохилӣ ва берунӣ ба фаъолияти соҳибкории саноатӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. 
Дар охири тренинг музокирот сурат гирифт.